Мусоҳибаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо АМИТ «Ховар»

03.11.2015 07:48

Тоҷикистон раводиди (визаи) электронӣ ҷорӣ мекунад

Мусоҳибаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ бо АМИТ «Ховар»

Мусоҳибаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо АМИТ «Ховар»То ҷое ба мо маълум мебошад, дар соли 2014 дар васоити ахбори омма хабар дар бораи қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил намудани Шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардида буд. Хонандагони мо ба тақдири минбаъдаи ин тарҳ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Дар ин робита, бо дархости хонандагони сершумори АМИТ “Ховар” мусоҳиба бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба ҳолати иҷрои қарори мазкур ва дурнамои рушди низоми хизматрасониҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мегардад.

Савол: Муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ, шод аз он ҳастам, ки Шумо вақти қиммати худро дареғ надошта, таклифи моро оид ба ташкили мусоҳиба пазируфтед. Чӣ тавре, ки маълум аст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади содда ва либералӣ намудани хизматрасониҳои консулӣ ташаббусҳои ҷолиб пешниҳод ва рӯи кор оварда мешаванд. Вақтҳои охир, аз ҷониби вазорат кадом корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шудаанд?

Ҷавоб: Сараввал, мехостам тамоми хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар»-ро бо фарорасии Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Дар ҳақиқат, ташаббусҳои Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба фановарӣ дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбанд. Ҷорӣ гардидани низоми шиносномаҳои биометрии дорои ҳомили электронӣ, ки соли 2010 ба кор андохта шуд, аввалин қадам дар электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба шумор меравад. Сипас, соли 2013 тарҳи дигар, яъне ҷорӣ намудани низоми таҳияи кортҳои идентификатсионӣ, ки шиносномаи дохилии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз намуд, амалӣ гардид. Ин ду тарҳ эътимоднокии худро исбот карда, барои тибқи талаботи байналмилалӣ таҳия намудани ҳуҷҷати сафар мусоидат намуда, ҷиҳати электронӣ намудани маълумотҳои шаҳрвандон кӯмак расонида  истодаанд.

Савол: Хуб мешуд, агар дар бораи нақшаҳои минбаъда низ сухан мегуфтед.

Ҷавоб: Рости гап нақшаҳо зиёданд. Чи тавре огоҳ ҳастед, 7-уми сентябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ санги асос гузоштанд. Мақсад аз бунёди бинои мазкур дар беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои консулӣ мебошад. Маблағи сохтмони бино аз ҳисоби даромадҳои консулӣ пардохт гардида, он дар рўзи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҳоло бошад, Вазорат тасмим гирифтааст, ки якчанд лоиҳаҳоро ҷиҳати рушди минбаъдаи низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, мустаҳкам намудани амнияти миллӣ тариқи барпо намудани низоми ягонаи идоракунии сарҳади давлатӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи идоракунии таҳияи раводид ва барои шаҳрвандони хориҷӣ низоми соддаи дастрас намудани раводидро тавассути “раводиди электронӣ” амалӣ намояд.

Савол: Ин лоиҳаҳо ба низоми сарҳадӣ низ вобастагӣ доранд?

Ҷавоб: Бисёр саволи мубрам. Вақтҳои охир ҷараёнҳои ба амнияти кишварҳо таҳдидовар ба мисли терроризм ва экстермизм хело авҷ гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин таҳдидҳоро хуб дарк мекунад. Амалӣ намудани лоиҳаҳои муваффақ оид ба ҷорӣ намудани “раводиди электронӣ” ва шабакаи иттилоотии электронии раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили инфрасохтори дахлдор дар низоми сарҳадии кишвар ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, на танҳо тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо вазорат, балки тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якдигар пайваст шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ табдил хоҳанд ёфт. Илова бар ин, тамоми сафоратҳо ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа бо барномаи махсуси идоракунии таҳияи раводид ва тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи махсуси идоракунии вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони он таъмин мегарданд. Боиси қайд аст, ки ниҳодҳои зикршуда инчунин бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла: сканерҳои изи ангушт, таҷҳизот барои хониши шиносномаҳои биометрӣ,  таҷҳизоти аксбардорӣ, сканерҳои нусхабардорӣ ва ғ. муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Дар ниҳоят, Вазорат дорои низоми ягонаи идоракунии раводид ва сарҳадбонони кишвар бошанд, дорои низоми ягонаи идоракунии сарҳадӣ мегарданд.

Савол: Ин тавр бошад, гуфтан мумкин аст, ки ин лоиҳаҳо барои мустаҳкам намудани амнияти кишвар низ бисёр муҳим мебошанд?

Ҷавоб: Албатта. Пайдо намудани маълумот дар бораи таҳияи раводид ба ин ё он шаҳрванди хориҷӣ ва умуман вуруду хуруҷи онҳо ба кишвар вақт ва кӯшиши дахлдорро талаб мекунад. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо, на танҳо Вазорати корҳои хориҷӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ, балки мақомоти амният ва муҳоҷират низ, дар доираи ваколатҳои худ, имконияти назорати пурра ва дастрасии фаврӣ ба маълумотро пайдо менамоянд.

Савол: Агар дуруст фаҳмида бошам, ҳолати ба миён омадани монеаҳои сунъӣ (бюрократӣ) низ кам хоҳанд шуд?

Ҷавоб: Бале, корҳои ҳамоҳангсозӣ ва дархости асноду иттилоъ байни мақомот ба як дараҷа кам мегарданд. Гуфтан зарур аст, ки вазорат дар раванди рушди фаъолияти худ, ҳамзамон, ба ин мақомот низоми идоракунӣ ва электроникунониро ройгон тақдим намуда истодааст.

Зиёда аз ин, дар назар аст, ки лоиҳаи «раводиди электронӣ» ба рушди минбаъдаи электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Савол: “Раводиди электронӣ” гуфтед? Ин чӣ тарҳ аст ва чиро дар бар мегирад?

Ҷавоб: Раводиди электронӣ – ин як намуди раводид мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дода мешавад. Барои судури раводиди электронӣ барнома ва сомонаи махсус ташкил карда мешавад.

Савол: Ҷорӣ намудани раводиди электронӣ кадом бартариҳоро дорад, зарурати он дар чист ва тартиби додани он чи гуна аст?

Ҷавоб: Тасаввур намоед, ки ҳоло танҳо чанд кишвар, аз ҷумла: Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Баҳрайн ва ғ. низоми «раводиди электронӣ» доранд. Хушбахтона, дар ояндаи наздик Тоҷикистон низ ба сафи онҳо шомил хоҳад шуд. Ҳаёти имрӯза аз ҳаёти қаблӣ фарқияти хеле калон дорад. Асри XXI - асри технологияҳои иттилоотӣ ба шумор меравад. Дар ин аср фаъолияти инсонро бе техника ва иттилоот, ки моли бозоргузар ба ҳисоб мераванд, тасаввур кардан хело душвор гардидааст.

Бартарии дигари амалӣ намудани  ин ташаббус, бо муҳайё кардани шароити сода барои сайёҳон, иштирокдорони конфронсҳо, симпозиюмҳо, семинарҳо ва инчунин шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ сафар мекунанд, алоқамандӣ дорад. Ҷорӣ гардидани раводиди электронӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудани шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давлатҳо муассисаи консулӣ надорад, шароит фароҳам оварда, барои аз байн бурдани миёнаравҳо ва омилҳои коррупсионӣ дар раванди дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Савол: «Раводиди электронӣ» ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ дода мешавад?

Ҷавоб: Не, албатта не. Раводиди электронӣ танҳо ба шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст (80 давлат) дода мешавад. Онҳо метавонанд ба ягон муассиса муроҷиат накарда, дар ҷои дилхоҳ, ҳатто аз хона набаромада, тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ, раводидро тариқи почтаи электронии худ ба даст оранд. Барои гирифтани раводиди электронӣ ҳозир шудани шахс ба назди консул зарурат надорад.

Ҳангоми гузаштани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи раводиди электронӣ шиноснома ва раводиди электрониашро ба сарҳадбон нишон дода, баъди аз ҷониби сарҳадбон ба анҷом расонидани санҷиши ҳуҷҷатҳои дахлдор, ба ӯ иҷозати убури сарҳад  дода мешавад.

Савол: Дархост агар аз ҷои дилхоҳ сурат гирад ва шахс ба назди консул ҳозир нашавад, пас пардохти маблағи раводиди электронӣ чӣ тавр сурат мегирад?

Ҷавоб: Пардохт барои коркарди раводиди электронӣ тавассути низомҳои пардохтии эътирофгардидаи байналмилалӣ, аз ҷумла ба воситаи кортҳои VISA ва MasterCard сурат мегирад.

Савол: Раводиди электронӣ ба кадом муҳлат дода мешавад?

Ҷавоб: Раводиди электронӣ яккарата буда, дорандаи он метавонад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад.

Савол: Агар шахс хоҳиши аз 45 рӯз зиёдтар будубош карданро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намояд, пас ба ӯ раводиди электронӣ дода намешавад?

Ҷавоб: Бале, дуруст қайд кардед. Ба чунин шахс раводиди электронӣ дода намешавад. Шахсе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои ҳизматӣ, дипломатӣ, меҳнатӣ, сармоягузорӣ, таҳсил, хусусӣ ва ғ. сафар менамояд ва будубоши ӯ зиёда аз 45 рӯзро тақозо менамояд, раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муқаррарӣ аз сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дастрас мекунад. Бояд қайд намоям, ки сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронӣ ба  низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар мешавад.

Савол: Дар ҳақиқат ташаббусҳои ҷолиб! Ин нақшаҳо кай дар амал татбиқ  мешаванд?

Ҷавоб: Вазорат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи ширкатҳо озмуни байналмилалӣ эълон намуд. Дар даври якуми озмун 8 ширкати хориҷӣ ва ватанӣ иштирок карда, ҳамаи онҳо дар асоси қарори Комиссияи тендерӣ ба марҳилаи 2-юми озмун роҳ дода шудаанд. Тибқи натиҷаи даври дуюми озмун ширкати бузурги фаронсавӣ ғолиб муайян гардид. Бинобар ин, вазорат дар якҷоягӣ бо ин ширкат барои  татбиқ намудани нақшаҳои зикршуда дар давоми нимсолаи аввали соли 2016 кўшиш ба харҷ дода истодааст.

Ба Шумо барои чунин як мусоҳибаи ҷолиб изҳори миннатдорӣ намуда, дар нақшаҳои ҷойдоштаатон муваффақияту комёбиҳои беназир орзумандам.

Ташаккур, саломат бошед.

Сарчашма АМИТ "Ховар"

Нигористон

Тақвим