Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати Гурӯҳи кории Давлати Қатар

03.11.2015 13:24

2 ноябри соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии  Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Гурӯҳи кории Давлати Қатар, ки шомили намояндагони вазорату идораҳои мухталиф буда, ҷиҳати баррасӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ва инчунин татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Қатар, ки моҳи сентябри соли 2015 ба вуқуъ пайваст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим