Анҷумани иқтисодӣ ва 10-умин ҷаласаи шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ

09.11.2015 15:58

10-11 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 (SPECA - United Nations Special Programme for the Economies of Central Asia) таҳти шиори “Дастгирии татбиқшавӣ ва мониторинги Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 дар минтақаи кишварҳои-аъзои СПЕКА” ва Ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор мегарданд. Ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари раисикунанда дар СПЕКА дар ҳамоҳангӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) доир карда мешавад.

Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА/SPECA) соли 1998 бо ташаббус ва ҷонибдории Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE - United Nations Economic Commission for Europe) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP - United Nations Economic and Social Commission for Asia and the Pacific) ва боз 4 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. Баъдтар ба ин Барнома Туркманистон, Озарбойҷон ва Афғонистон ҳамроҳ шуданд. Ҳуҷҷати таъсисии СПЕКА - декларатсияи Тошканд мебошад, ки 26 марти соли 1998 аз ҷониби кишварҳои муассис ба имзо расонида шудааст.
То имрӯз Барномаи СПЕКА аз 7 кишвари аъзо иборат аст: Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Фаъолияти СПЕКА асосан барои инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, дар ҷаласаҳои он раванди инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, обу энергетика, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва ғайра баррасӣ ва муҳокима мегарданд. Татбиқи Барномаи СПЕКА тавассути дастгирии кишварҳои кӯмакрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси принсипи ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо назардошти равандҳои авлавиятноки ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои дахлдор, ҳар як кишвари аъзои СПЕКА, дар чаҳорчӯби он, гурӯҳҳои кории лоиҳавиро таъсис медиҳад ва ҳамоҳангсозию идоракунии лоиҳаҳои мушаххаси СПЕКА-ро ба амал мебарорад.

Дар доираи СПЕКА шаш гурӯҳи кории лоиҳавӣ фаъолият мекунанд:

1. Гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба захираҳои обию энергетикӣ;
2. Гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба нақлиёт ва убури сарҳад;
3. Гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба савдо;
4. Гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба омор;
5. Гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба рушди иқтисодиёт
6. Гурӯҳи кории лоиҳавӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва иқтисодиёт.

Аз ҷониби Тоҷикистон Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси гурӯҳи кории лоиҳавии СПЕКА оид ба савдо мебошад.

Дар СПЕКА ҷойивазкунии кишварҳои раисикунанда пешбинӣ шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзои СПЕКА ба ҳайси кишвари раисикунанда барои соли 2015 муайян гардидааст. Кишваре, ки раёсати СПЕКА-ро бар уҳда мегирад, чун анъана, ҷаласаи солонаи Барномаи СПЕКА-ро дар пойтахти худ баргузор менамояд.

Дар кори чорабиниҳои болозикре, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, зиёда аз 70 нафар иштироккунандагон, аз ҷумла коршиносони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои аъзо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, инчунин корпуси дипломатӣ ва институтҳои байналмилалии молиявии муқими Душанбе ширкат меварзанд.

Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 бо суханони ифтитоҳии шахсони воломақом оғоз ёфта, дар доираи он баргузории панҷ ҷаласаи корӣ дар назар аст:

- Ҷаласаи кории I – Рушди савдо;
- Ҷаласаи кории II – Инкишофи ҳамкорӣ:
- Ҷаласаи кори III – Об, энергетика ва муҳити зист;
- Ҷаласаи кори IV- Омор;
- Ҷаласаи кори V- Маблағгузорӣ барои рушд: имкониятҳои аз ҷониби Барномаи амали Адис-Абеба пешниҳодшуда.

11 ноябри соли 2015 ҷаласаҳои хотимавии Анҷумани иқтисодии СПЕКА-2015 ва Шӯрои роҳбарикунандаи он, бо суханрониҳои хулосавӣ ва ҷамъбастии намояндаи кишвари раисикунанда ба анҷом мерасад. Инчунин дар асоси хулосабарорӣ, тавсияҳои муҳими дахлдор ба Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА барои баррасӣ ва татбиқ пешниҳод карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда дар СПЕКА изҳори умедворӣ менамояд, ки баргузории Анҷумани иқтисодии мазкур ба ҳаллу фасли масъалаҳои авлавиятноки кишвар ва минтақа вобаста ба рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, обу энергетика, нақлиёт ва ба тавсеи раванди ҳамгироии минтақавӣ мусоидат менамояд.

Нигористон

Тақвим