9 ноябри соли 2015 мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Роҳбари шӯъбаи минтақавии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Тисиана Бонапаче баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва Форуми иқтисодии СПЕКА “Дастгирӣ ва мониторинги татбиқи Рӯзнома дар соҳаи Рушди Устувор то соли 2030 дар минтақаи СПЕКА”, ки 10-11 ноябр дар ш. Душанбе сурат мегирад, мубодилаи афкор намуданд.