10 ноябри соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Ҳю Филпотт барпо гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, дигар масъалаҳои дорои таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.