Хабар барои ВАО

10.11.2015 18:40

10 ноябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.

С. Аслов роҷеъ ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон Ҷобирова Шоира дар ҳудуди пойгоҳи низомии Россия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ба Сафири Россия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Россия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон чораҳои лозима андешида шаванд».

Нигористон

Тақвим