10 ноябри соли 2015 Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Арабии Миср Шариф Исмоил дар қароргоҳи худ дар Қоҳира сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Аснои муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миср яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор рафта, боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Арабии Миср, ки феврали 2007 баргузор шуд, заминаи устуворро барои тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба гузошт. Ба ин муносибат қайд гардид, ки имсол байни роҳбарони ду давлат мубодилаи паёмҳои расмӣ сурат гирифт, ки ин амр аз рағбати муштараки Душанбе ва Қоҳира ба боло бурдани сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Дар сухани ҷавобӣ Раиси Девони вазирони Миср, бо ишора ба умқи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср, изҳори умедворӣ намуд, ки робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар оянда густариши бештар пайдо хоҳанд кард. Шариф Исмоил таъкид намуд, ки Миср хоҳони тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нирӯ, гардишгарӣ, саноат, кишоварзӣ ва ғайра аст. Дар ин росто вай бар аҳаммияти мубодилаи боздидҳои ҳайатҳои ду кишвар ва ҳамкории бозаргонону сармоягузорони ду тараф таъкид намуд.
Нахуствазири Миср афзуд, ки ҳоло вазъи минтақаи Ховари Миёна бисёр печида буда, муборизаи кишвараш бо терроризм ва ифротгароӣ идома дорад. Шариф Исмоил таъкид намуд, ки барои пирӯзӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ҳамкории ҳамаи кишварҳо лозим буда, Миср дар ин замина ба ҳамбастагии кишварҳои ҷаҳон умедвор аст.