Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Директори Департаменти хатарҳои фаромиллии Котиботи САҲА

12.11.2015 08:50

11 ноябри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо Директори Департаменти хатарҳои фаромиллии Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Алексей Лиженков, Сардори шӯъбаи масъалаҳои стратегии милитсияи Департаменти мазкур Гий Винэ ва Роҳбари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои марбут ба амният, мубориза алайҳи терроризм ва таҳкими сарҳади давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим