Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон

12.11.2015 08:58

11 ноябри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба муносибати ба итмом расидани муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои БР СММ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳаҳои марбут ба мудирияти оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкими инфрасохтори сарҳадӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Н. Зоҳидӣ аз Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Н. Шимомура барои саҳми назарраси ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои барои кишвар муҳим изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар мулоқот инчунин директори кишварии тозатаъйини БР СММ ДАР Тоҷикистон Ғулом Исҳоқзай ҳузур дошт.

Нигористон

Тақвим