Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати бузургдошти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ

12.11.2015 16:15

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати бузургдошти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ11 ноябри соли 2015 дар устони Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати бузургдошти донишманд ва мутафаккири Шарқ  Мирсаид Алии Ҳамадонӣ - Ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадоншиносони маъруф аз Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид.

Сафири  Тоҷикистон Неъматулло Эмомзода занги Мирсаид Алии Ҳамадониро дар Ҳунаристони "Таҳзиб"-и Ҳамадон ба садо даровард ва ҳамоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт.

Н. Эмомзода дар рафти ҳамоиш роҷеъ ба мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ маъруза намуд.

Бо назардошти сатҳи хуби ҳамкориҳо Сафири Тоҷикистон бо устондори Ҳамадон Муҳаммадносири Некбахт дар робита ба баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҳамкори байни бародаршаҳрҳои Кулоб ва Ҳамадон мулоқот доир намуд.

 

Нигористон

Тақвим