Супоридани Эътимодномаи Намояндаи доимии Тоҷикистон ба Директори генералии IRENA

16.11.2015 17:03

15 ноябри соли 2015 дар Аморати Абу Забӣ маросими супоридани Эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии байналмилалии неруи таҷдидшаванда (IRENA) Юсуф Бобокалонов ба Директори генералии IRENA Аднон З. Амин баргузор гардид.

Баъд аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти дуҷонибаи Директори генералии IRENA бо Намояндаи доимии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергияи таҷдидшаванда ва роҳҳои пешбурди ин соҳаи ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷонибҳо атрофи мушкилиҳои сайёра, алалхусус тағирёбии иқлим суҳбат намуда, зарурати пайдо намудани сарчашмаҳои алтернативии энергия, аз ҷумла манбаҳои неруи таҷдидшавандаро таъкид карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Директори генералии IRENA ба Юсуф Бобокалонов дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш пешравӣ ва муваффақиятҳоро таманно намуд.

Супоридани Эътимодномаи Намояндаи доимии Тоҷикистон ба Директори генералии IRENA

Нигористон

Тақвим