17 ноябри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон боздид намуда, дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба мардуми Фаронса дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Париж рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ сабт намуд.
С. Аслов зимни суҳбат бо Сафири Фаронса Дидйе Леруа ба ҳамаи кормандони Сафорат ва мардуми дӯсти Фаронса ҳамдилӣ ва ҳамдардии самимиро изҳор намуд.