Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО

20.11.2015 09:15

19 ноябри соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО хонум Дуня Миятович, ки бо мақсади ширкат дар 17-ум конфронси Осиёи Марказӣ оид ба ВАО дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА, аз ҷумла бо Дафтари он созмон оид ба озодии ВАО мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мубодилаи афкор атрофи раванди татбиқи лоиҳаи пахши рақамӣ дар Тоҷикистон, чораҳои Ҳукумати кишвар дар ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар масъалаҳои ВАО ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО

 

 

Нигористон

Тақвим