19 ноябри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, фаъолиятҳои консулӣ ва ҳифзи сарҳадот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, инчунин мавзӯҳои амнияти минтақавӣ табодули назари судманд сурат гирифт.