12 декабри соли 2022 зимни вохурии анъанавии сафирони давлатҳои аъзои ИДМ, cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров мулоқот намуд.
Дар мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Ҷонибҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, табодули назар намуда, масълаҳои таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.