Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ

14.09.2020 10:10

Конвенсияи

Вена дар бораи равобити консулӣ

(Вена, 24 апрели соли 1963)

 

Давлатҳои иштирокчии Конвенсияи мазкур,

 

бо таъкиди он ки равобити консулӣ байни халқҳо дер боз вуҷуд доранд, бо эътибори ҳадафҳо ва аслҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар муносибат ба баробарӣ дар соҳибихтиёрии давлатҳо, муҳофизати сулҳи байналмилалӣ, амният ва мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстонаи миёни давлатҳо,

бо эътибори он, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба равобити дипломатӣ ва масуниятҳо Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатиро қабул намуд, ки он барои имзо кардан аз 18 апрели соли 1961 кушода аст,

бо мутааккид будан бар он, ки қабули Конвенсияи байналмилалӣ оид ба равобити консулӣ, имтиёз ва масуниятҳо низ, сарфи назар аз тафовут дар сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ба рушди муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо мусоидат мекунад,

бо дарки он, ки чунин имтиёз ва масуниятҳо на барои шахсони алоҳида, балки барои таъмини аз тарафи муассисаҳои консулӣ самаранок анҷом додани вазифаҳо аз номи давлатҳо дода мешаванд,

бо тасдиқи он, ки  меъёрҳои ҳуқуқи муқаррарии байналмилалӣ масъалаҳои дар муқаррароти ҳамин Конвенсия мустақиман муайяннашударо танзим менамоянд,

ба мувофиқати зерин расиданд:

 

Моддаи 1. Истилоҳот

 

1. Дар ҳамин Конвенсия истилоҳоти истифодашуда маъниҳои зеринро ифода менамоянд:

а) “муассисаи консулӣ” ҳама гуна консулгарии генералӣ, консулгарӣ, ноиб-консулгарӣ ё муассисаи агентии консулиро ифода мекунад;

б) “минтақаи консулӣ” ҳудуде, ки барои анҷоми вазифаҳои консулӣ ба муассисаи консулӣ  ихтисос дода шудааст;

в) “роҳбари муассисаи консулӣ” ифодагари ҳар як шахсе, ки ба ҳамин сифат  фаъолият мекунад;

г) “шахси вазифадори консулӣ” ифодагари ҳар як шахсе, бо шумули роҳбари муассисаи консулӣ, ки ба он дар ҳамин сифат иҷрои вазифаҳои консулӣ супорида шудааст;

ғ)  «хидматчии консулӣ» ифодагари ҳар як шахси иҷрокунандаи вазифаҳои маъмурӣ ё техникӣ дар муассисаи консулӣ мебошад;

д)  “корманди ҳайати хидматрасон” ифодагари ҳар як шахси иҷрокунандаи вазифа доир ба хидматрасонии муассисаи консулӣ;

е) “кормандони муассисаи консулӣ” ифодакунандаи шахсони вазифадори консулӣ, хидматчиёни консулӣ ва кормандони ҳайати хидматрасон;

ё) “кормандони ҳайати консулӣ” ифодагари шахсони вазифадори консулӣ (ба истиснои  роҳбари муассисаи консулӣ), ҳамчунин хидматчиёни консулӣ ва кормандони ҳайати хидматрасон;

ж) “корманди пешхидмати манзилӣ” ифодагари шахсе, ки танҳо дар хидмати шахсии корманди муассисаи консулӣ мебошад;

з) “биноҳои консулӣ” ифодагари бино ё қисмати бино ва қитъаи замини ба ҳамин бино ё қисмати бино марбутбудаи танҳо барои ҳадафҳои муассисаи консулӣ истифодашаванда, сарфи назар аз мансубият ба ҳуқуқи моликият, ба шумор меравад;

и) “бойгониҳои консулӣ” тамоми коғазҳо, ҳуҷҷатҳо, мукотибаҳо, китобҳо, филмҳо, наворҳо, сабти садо ва дафтарҳои муассисаи консулӣ якҷоя бо замимаҳои рамзӣ ва калидӣ, кортҳои ба қайдгирӣ ва ҳама гуна ашёи таҷҳизи манзил, ки барои таъмини дар амонат будан ё нигаҳдории онҳо истифода карда мешаванд.

2. Ду навъи шахсони мансабдори консулӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла: муассисаҳои консулие, ки  аз ҷониби шахсони мансабдори вазифавӣ роҳбарӣ карда мешаванд; муқаррароти боби III ба муассисаҳои консулие, ки аз тарафи шахсони мансабдори консулии ифтихорӣ роҳбарӣ карда мешаванд, мансубият доранд.

3. Мақоми кормандони муассисаҳои консулие, ки  шаҳрвандони давлати пазиранда ё сокинони доимии он мебошанд, тавассути моддаи 71 ҳамин Конвенсия танзим карда мешавад.

 

Фасли 1. Муқаррароти умумӣ дар бораи равобити консулӣ

Боби 1. Барқарор ва татбиқи равобити консулӣ

 

Моддаи 2. Барқарор кардани равобити консулӣ

 

1. Барқарор кардани равобити консулӣ байни давлатҳо тибқи ризоияти мутақобилаи тарафҳо татбиқ карда мешавад.

2. Ризоияте, ки барои байни ду давлат барқарор кардани равобити дипломатӣ дода мешавад, агар ифодаи дигаре таъкид нашуда бошад, аз ризоияти барқарор кардани равобити консулӣ низ иборат мебошад.

3. Қатъ кардани равобити дипломатӣ ipso facto (воқеан) дар пайомади худ қатъ кардани равобити консулиро дар назар надорад.

 

Моддаи 3. Иҷрои вазифаҳои консулӣ

 

Вазифаҳои консулӣ аз ҷониби муассисаҳои консулӣ иҷро карда мешаванд. Онҳо ҳамчунин аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ, тибқи муқаррароти  ҳамин Конвенсия, иҷро карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Ифтитоҳи муассисаҳои консулӣ

 

1. Муассисаҳои консулӣ дар қаламрави давлати пазиранда  танҳо бо ризоияти ҳамон давлат имкони ифтитоҳ карданро доранд.

2. Макони воқеъ гардидани муассисаи консулӣ, сатҳи он ва минтақаи консулӣ аз тарафи давлати фиристанда муайян карда мешавад ва мавриди таъйиди давлати пазиранда қарор дода мешаванд.

3. Тағйири макони воқеъ гардидани минбаъдаи муассисаи консулӣ, сатҳи он ё минтақаи консулӣ метавонад аз тарафи давлати фиристанда танҳо бо ризоияти давлати пазиранда анҷом дода шаванд.

4. Ризоияти давлати пазиранда дар ҳолате низ талаб карда мешавад, ки агар кадом як консулгарии генералӣ ё консулгарӣ хоҳиши ифтитоҳи ноиб-консулгарӣ ё муассисаи агентии консулӣ на дар он минтақаи аҳолинишин, ки онҳо худ воқеанд, дошта бошанд.

5. Ризоияти пешакии яқинан ифодаёфтаи давлати пазиранда барои ифтитоҳи дастгоҳе, ки қисмати муҳими муассисаи консулиро созмон медиҳад, берун аз макони воқегардидаи ахирӣ, низ зарур аст.

 

Моддаи 5. Вазифаҳои консулӣ

 

Вазифаҳои консулӣ иборатанд аз:

а) дар давлати пазиранда ҳимоя намудани манфиатҳои давлати фиристанда ва шаҳрвандони вай (шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ) дар доирае, ки ҳуқуқи байналмилалӣ раво медонад;

б) мусоидат ба рушди  равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ байни давлати фиристанда ва давлати пазиранда, ҳамчунин, бо истифода аз роҳҳои дигар, мусоидат ба рушди муносибатҳои дӯстона байни онҳо тибқи муқаррароти ҳамин Конвенсия;

в) бо истифода аз тамоми роҳҳои қонунӣ муайян кардани шароит ва авзоъ дар ҳаёти тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлати иқомат, иттилоъ додан дар бораи онҳо ба ҳукумати давлати фиристанда ва пешкаш кардани маълумот ба шахсони манфиатдор;

г) судури шиносномаҳо ва асноди сафарӣ ба шаҳрвандони давлати фиристанда ва раводидҳо ё санадҳои мавриди тақозо ба шахсоне, ки хоҳиши сафар ба давлати фиристанда доранд;

ғ) расонидани кумак ва мусоидат ба шаҳрвандони (шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ) давлати фиристанда;

д) иҷро кардани вазифаҳои нотариалӣ, ба қайд гирифтани ҳодисаҳо дар ҳаёти шаҳрвандӣ ва дигар вазифаҳои шабеҳ, ҳамчунин иҷро кардани баъзе вазифаҳои хусусияти маъмуридошта ба шарте ки дар ин амр ҳеҷ амал ба қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда ихтилоф ба вуҷуд намеоварад;

е) ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони (шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ) давлати фиристанда дар ҳолатҳои ба мерос гирифтан “mortis causa” дар қаламрави давлати пазиранда, тибқи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда;

ё) ҳимояи манфиатҳои  ноболиғон ва шахсони дигари ба тавони пурраи ҳаётӣ соҳиб набуда, дар доираи муқаррароти муайянкардаи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда,  ки шаҳрвандони давлати фиристанда мебошанд, махсусан дар ҳолатҳое ки  нисбат ба чунин шахсон ин ва ё он парасторӣ ва ё васоятӣ тақозо карда мешавад;

ж) бо риояи амалия ва тартиботи ҷорӣ дар давлати пазиранда, намояндагӣ кардан ё таъмини мутаносиби намояндагии шаҳрвандони давлати фиристанда дар судҳо ва муассисаҳои дигари давлати пазиранда бо мақсади ба даст овардан, мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда, тақозоҳо дар бораи тадбирҳои муқаддамотии ҳимоякунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои чунин шаҳрвандон, агар, бо сабаби набудан  ё бо сабабҳои дигар, чунин шаҳрвандон натавонанд ҳуқуқ ва манфиатҳои худро саривақт ҳимоя намоянд;

з) интиқоли санадҳои судӣ ва ғайрисудӣ ё ба иҷро расонидани супоришҳои судӣ ва ё ба иҷро расонидани супориш дар бораи дастрас кардани маълумоти шаҳодатдиҳанда, барои судҳои давлати фиристанда тибқи созишномаҳои байналмилалии амалкунанда ё, дар ҳолати набудани чунин созишномаҳо, бо ҳама гуна роҳҳои дигаре, ки ба қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда ихтилоф ба вуҷуд намеоварад;

и) тибқи муқаррароти қонунҳо ва қоидаҳои давлати фиристанда ба иҷро расонидани ҳуқуқи назорат ва тафтиш  дар муносибат ба киштиҳое, ки миллияти давлати фиристанда доранд ва ҳавопаймоҳои дар ҳамин давлат ба қайд гирифташуда, ҳамчунин дар муносибат ба сарнишинони онҳо;

ӣ) расонидани кӯмак ба киштиҳо ва ҳавопаймоҳои мазкури банди “к”-и ҳамин модда ва ба сарнишинони онҳо, қабули аризаҳо дар бораи киштинавардӣ, тафтиш ва таҳияи санадҳои киштиҳо ва бидуни расонидани зарар ба ҳуқуқи ҳокимияти давлати пазиранда, тафтиши ҳама гуна ҳодисоти дар роҳ бавуқӯъпайваста ва ҳалли ҳама гуна муноқиша байни сарнишин, ҳайати халабон ва матросҳо, зеро ин амрро қонунҳо ва қоидаҳои давлати фиристанда муқаррар кардааст;

к) иҷро намудани вазифаҳои дигаре, ки ба муассисаи консулӣ давлати фиристанда вогузор кардааст ва тибқи қонунҳо ва қоидаҳои давлати иқомат онҳо манъ карда нашудаанд ё дар муқобили иҷрои онҳо давлати пазиранда монеъ намебошад ва ё онҳо дар аҳдномаҳои байналмилалии амалкунандаи байни давлати фиристанда ва давлати пазиранда муайян карда шудаанд.

 

Моддаи 6. Иҷрои вазифаҳои консулӣ берун аз минтақаи консулӣ

 

Шахси масъули консулӣ дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад, бо ризоияти  давлати пазиранда, вазифаҳои худро берун аз минтақаи консулии худ низ иҷро намояд.

 

Моддаи 7. Иҷрои вазифаҳои консулӣ дар давлати сеюм

 

Давлати фиристанда метавонад, баъд аз огоҳ кардани давлатҳои мавриди матлаб, ба муассисаи дар як давлат ифтитоҳгардидаи консулӣ иҷрои вазифаҳои консулиро дар давлати дигар супориш диҳад, агар аз тарафи кадом яке аз ин давлатҳо ифодаи норизоиятии яқин изҳор нагардад.

 

Моддаи 8. Иҷрои вазифаҳои консулӣ аз номи давлати сеюм

 

Баъд аз ба таври муносиб огоҳонидани давлати пазиранда муассисаи консулии давлати фиристанда метавонад, агар давлати пазиранда монеъ набошад, вазифаҳои консулиро аз номи давлати сеюм дар давлати пазиранда иҷро намояд.

 

Моддаи 9. Гурӯҳҳои роҳбарони муассисаҳои консулӣ

 

1.  Роҳбарони муассисаҳои консулӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд, аз ҷумла:

а) консулҳои генералӣ

b) консулҳо

c) ноиб-консулҳо

d) гумоштаҳои консулӣ

2. Банди 1-и ҳамин модда ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳуқуқи ҳеҷ яке аз тарафҳои аҳдкунандаро роҷеъ ба муайян кардани унвони шахсони мансабдори консулӣ, ки роҳбарони муассисаҳои консулӣ намебошанд, маҳдуд намояд.

 

Моддаи 10. Таъйин ва рухсати роҳбарони муассисаҳои консулӣ

 

1. Роҳбарони муассисаҳои консулӣ аз тарафи давлати фиристанда таъйин карда мешаванд ва ба иҷрои вазифаҳои худ аз тарафи давлати пазиранда рухсат дода мешаванд.

2. Дар ҳолати риояи муқаррароти ҳамин Конвенсия расмиятҳо дар муносибат ба таъйин ва рухсати роҳбари муассисаи консулӣ мутаносибан ба қонунҳо, қоидаҳо ва урфҳои давлати фиристанда ва давлати пазиранда муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Патенти консулӣ ё огоҳнома доир ба таъйинот

 

1. Давлати фиристанда ба роҳбари муассисаи консулӣ санаде медиҳад, ки шакли патентро дорад ё санаде ки ба он монанд буда, барои ҳар як таъйинот таҳия карда мешавад ва ин санад мансаби ӯро таъйид менамояд ва ҳамчун қоидаи умумӣ, ному насаби пурраи он, сатҳ ё гурӯҳе, ки ӯ ба он мансубият дорад ва минтақаи консулӣ ва макони воқеъ гардидани муассисаи консулӣ дар он ифода карда мешавад.

2. Давлати фиристанда ҳамин патент ё санади монанди онро бо роҳҳои дипломатӣ ё бо роҳҳои дигар ба ҳукумати ҳамон давлат, ки дар қаламрави он роҳбари муассисаи консулӣ бояд вазифаҳои худро иҷро намояд, мефиристад.

3. Агар давлати пазиранда розӣ бошад, давлати фиристанда метавонад ба ҷойи патент ё санади монанди он ба давлати пазиранда огоҳномаи шомилкунандаи маълумот, ки дар банди 1-и ҳамин модда гуфта шудааст, фиристад.

 

Моддаи 12. Экзекватура

 

1. Ба роҳбари муассисаи консулӣ барои иҷрои вазифаҳои худ бо иҷозат аз тарафи давлати пазиранда рухсат дода мешавад, ки онро экзекватура меноманд, кадом шаклеро, ки вай надошта бошад.

2. Давлате, ки аз додани экзекватура худдорӣ мекунад, вазифадор нест, ки ба давлати фиристанда сабабҳои радро иттилоъ диҳад.

3. Ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 13 ва 15 муқарраргардида, роҳбари муассисаи консулӣ наметавонад ба иҷрои вазифаҳои худ то ба даст овардани экзекватура шурӯъ намояд.

 

Моддаи 13. Иҷозати муваққатии роҳбарони муассисаҳои консулӣ

 

То додани экзекватура мумкин аст, то ба роҳбари муассисаи консулӣ барои иҷрои вазифаҳои худ муваққатан рухсат дода шавад. Дар чунин ҳолат муқаррароти ҳамин Конвенсия истифода карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Огоҳ намудани мақомоти минтақаи консулӣ

 

Дар ҳолати ба роҳбари муассисаи консулӣ рухсат додан, ҳатто муваққатан бошад ҳам, барои иҷрои вазифаҳои худ, давлати пазиранда фавран дар ин бора мақомоти салоҳиятдори минтақаи консулиро огоҳ менамояд. Ғайр аз ин, барои он ки роҳбари муассисаи консулӣ уҳдадориҳои вазифавии худро иҷро карда тавонад ва аз имтиёзи дар ҳамин Конвенсия муқарраргардида истифода барад, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Моддаи 15. Иҷрои муваққатии вазифаҳои роҳбари муассисаи консулӣ

 

1. Агар роҳбари муассисаи консулӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад ё агар вазифаи роҳбари муассисаи консулӣ холӣ бошад, вазифаҳои роҳбари муассисаи консулӣ муваққатан метавонанд аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи консулӣ иҷро карда шаванд.

2. Ному насаби пурраи иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи консулӣ ба вазорати корҳои хориҷии давлати иқомат ё ба дастгоҳи аз ҷониби вазорат нишондодашуда, аз тарафи намояндагии дипломатии давлати фиристанда ё, агар ин давлат чунин намояндагиро дар давлати пазиранда надошта бошад, аз тарафи роҳбари муассисаи консулӣ ё, агар ӯ дар ҳолате бошад, ки ин амрро иҷро карда натавонад, аз тарафи ҳама гуна дастгоҳи салоҳиятдори давлати фиристанда, иттилоъ дода мешавад. Ҳамчун қоидаи умумӣ чунин иттилоъ пешакӣ анҷом дода мешавад. Давлати пазиранда бо ризоияти худ метавонад рухсати иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи консулиро, ки на гумоштаи дипломатӣ, на шахси масъули консулии давлати фиристанда дар давлати пазиранда мебошад, таъйид кунад.

3. Муассисаҳои салоҳиятдори давлати пазиранда ба иҷрокунандаи вазифаи роҳбари муассисаи консулӣ кумак мекунанд ва онро ҳимоя менамоянд. То лаҳзае ки вай муассисаро роҳбарӣ мекунад, дар ҳамон асосе, ки ба роҳбари муассисаи консулӣ мансуб дониста шудааст, ба вай низ муқаррароти ҳамин Конвенсия мансуб дониста мешавад,. Сарфи назар аз ин, давлати пазиранда дар сурати ҷавобгӯ набудани иҷрокунандаи муваққатии вазифаи роҳбари муассисаи консулӣ ба вазифаи роҳбарии муассисаи консулӣ вазифадор намешавад, ки ба шахси муваққатан иҷрокунандаи вазифаи  роҳбари муассиса таъйингардида афзалиятҳо, имтиёз ва масуниятҳое, ки аз онҳо роҳбари муассисаи консулӣ истифода менамояд, тақдим намояд.

4. Агар узви ҳайати дипломатии намояндагии дипломатии давлати фиристандаро дар давлати пазиранда аз тарафи давлати фиристанда тибқи муқаррароти банди 1 ҳамин модда иҷрокунандаи муваққатии роҳбари муассисаи консулӣ таъйин намояд, вай истифодаи имтиёз ва масуниятҳои дипломатиро идома додан мегирад, ба шарте ки давлати пазиранда ба он монеъ набошад.

 

Моддаи 16. Аршадият байни роҳбарони муассисаҳои консулӣ

 

1. Ба роҳбарони муассисаҳои консулӣ мувофиқи ҳар як гурӯҳ вобаста ба тартиби аршадияти муайяншудаи алоқаманд ба таърихи додани экзекватура, ҷойҳои гуногун пешкаш карда мешавад.

2. Агар ба роҳбари муассисаи консулӣ барои иҷрои вазифаҳои худ то ба даст овардани экзекватура муваққатан рухсат дода шуда бошад, ҷойи вай дар тартиби аршадият аз таърихи додани рухсати муваққатӣ муайян карда мешавад; ҷойи мазкур баъди ба ӯ додани экзекватура низ дар ихтиёри ӯ нигоҳ дошта мешавад.

3. Аршадият байни ду ва ё зиёда роҳбарони муассисаҳои консулие, ки экзекватура гирифтаанд ё барои иҷрои вазифаи худ дар як рӯзи муайян иҷозати муваққатӣ ба даст овардаанд, дар асоси таърихи ба давлати пазиранда пешкаш кардани патентҳои онҳо ё санадҳои монанди патентҳо ё дар асоси таърихи расидани огоҳномае, ки дар банди 3 моддаи 11 ишора шудааст, муайян карда мешавад.

4. Иҷрокунандагони вазифаҳои роҳбарони муассисаҳои консулӣ дар тартиби аршадият ҷойҳоро баъди ҳамаи роҳбарони муассисаҳои консулӣ ишғол менамоянд ва аршадият байни онҳо дар асоси таърихи муваққатан шурӯъ карданашон ба иҷрои вазифаҳои роҳбарони муассисаҳои консулӣ, ки дар огоҳномаҳои тибқи банди 2 моддаи 15 нишондодашуда анҷом ёфтаанд, муайян карда мешавад.

5. Шахсони мансабдори консулгариҳои ифтихорӣ, ки роҳбарони муассисаҳои консулӣ мебошанд, ҷойҳоро дар доираи ҳар як сатҳ баъди роҳбарони муассисаҳои консулии вазифавӣ ба тартиб ва мувофиқи қоидаҳои дар бандҳои мазкур нишондодашуда ишғол мекунанд.

6. Ба роҳбарони муассисаҳои консулӣ, дар тартиби аршадият, ҷойҳои болотар аз шахсони мансабдори консулии чунин мақомро надошта, мансубият дорад.

 

Моддаи 17. Аз тарафи шахсони мансабдори консулӣ
 иҷро кардани фаъолияти дипломатӣ

 

1. Дар давлате, ки давлати фиристанда намояндагии дипломатӣ надорад ва вай аз тарафи намояндагии дипломатии давлати сеюм низ намояндагӣ карда намешавад, шахси мансабдори консулӣ метавонад, бо ризоияти давлати пазиранда ва бидуни тағйири мақоми консулии ӯ, барои татбиқи фаъолияти дипломатӣ муваккал бошад. Татбиқи чунин фаъолият аз тарафи шахси мансабдори консулӣ ба ӯ ҳуқуқи даъво ба имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ намедиҳад.

2. Шахси мансабдори консулӣ метавонад, баъд аз огоҳ кардани давлати иқомат, ба сифати намояндаи давлати фиристанда дар назди ҳама гуна созмони байниҳукуматӣ, фаъолият намояд. Ба ҳамин сифат фаъолият карда, ӯ метавонад аз ҳамаи имтиёз ва масуниятҳое, ки ба ҳамин гуна намоянда ҳуқуқи муқаррарии байналмилалӣ ё аҳдномаи байналмилалӣ медиҳад, истифода намояд. Вале ҳар он чӣ, ки ба иҷро кардани ҳама гуна вазифаи консулӣ аз тарафи вай алоқамандӣ дорад, ӯ масунияти бештарро аз расмиятҳои ҳуқуқӣ нисбат ба он масуниятҳое, ки шахси мансабдори консулӣ мувофиқи ҳамин Конвенсия ҳақ дорад, дошта наметавонад.

 

Моддаи 18. Аз тарафи ду ва ё чанд давлат таъйин кардани

 як шахс ба вазифаи шахси масъули консулӣ

 

Ду ва ё чанд давлат метавонанд, бо ризоияти давлати пазиранда, як шахсро ба сифати шахси масъул дар ҳамин давлат таъйин намоянд.

 

Моддаи 19. Таъйини кормандони ҳайати консулӣ

 

1. Ба истиснои  дар муқаррароти моддаҳои 20, 22 ва 23 дарҷгардида, давлати фиристанда метавонад кормандони ҳайати консулиро озодона таъйин намояд.

2. Давлати фиристанда ба давлати иқомат ном ва насаби пурра, навъ ва сатҳи тамоми шахсони масъули консулиро, ба истиснои роҳбари муассисаи консулӣ, пешакӣ иттилоъ медиҳад, то давлати пазиранда тавонад, агар вай ин амрро хоҳон бошад, ҳуқуқи худро, ки дар бандҳои 3 моддаи 23 нишон дода шудааст, татбиқ намояд.

3. Давлати фиристанда метавонад, агар инро қонунҳо ва қоидаҳояш тақозо кунад, аз давлати пазиранда хоҳиши ба шахси масъули консулие, ки роҳбари муассисаи консулӣ намебошад, додани экзекватураро дархост намояд.

4. Давлати пазиранда метавонад, агар инро қонунҳо ва қоидаҳояш тақозо кунад, ба шахси масъули консулие, ки роҳбари муассисаи консулӣ намебошад, экзекватура диҳад.

 

Моддаи 20. Теъдоди ҳайати консулӣ

 

Дар ҳолати набудани мувофиқаи мушаххас доир ба теъдоди ҳайати консулӣ давлати пазиранда метавонад пешниҳод намояд, ки теъдоди ҳайат аз ҳудуде, ки вай муносиб ва муътадил мешуморад, бо назардошти ҳолат ва шароити мавҷуда дар минтақаи консулӣ ва талаботи ҳамин муассисаи консулӣ, нагузарад.

 

Моддаи 21. Тартиби аршадият байни шахсони

мансабдори консулии муассисаи консулӣ

 

Намояндагии дипломатии давлати фиристанда ва ё, агар ин давлат дар давлати пазиранда чунин намояндагиро надошта бошад, роҳбари муассисаи дипломатӣ ба вазорати корҳои хориҷии давлати пазиранда ё ба мақомоти аз тарафи ҳамин вазорат таъйиншуда, дар бораи тартиби аршадияти байни шахсони мансабдори консулӣ дар муассисаи консулӣ, ҳамчунин дар бораи ҳама гуна тағйирот дар ин тартиб, иттилоъ медиҳад.

 

Моддаи 22. Шаҳрвандии шахсони мансабдори консулӣ

 

1. Аслан шахсони мансабдори консулӣ бояд шаҳрвандони давлати фиристанда бошанд.

2. Шахсони мансабдори консулӣ наметавонанд аз ҳисоби шаҳрвандони давлати пазиранда таъйин карда шаванд, ба ҷуз ризоияти ба таври яқин ифодаёфтаи ҳамин давлат, бо назардошти он, ки ин ризоият метавонад дар кадом вақте набошад, бекор карда шавад.

3. Давлати пазиранда метавонад чунин ҳуқуқро дар муносибат ба шаҳрвандони давлати сеюм, ки ҳамзамон шаҳрвандони давлати фиристанда намебошанд, низ ба худ ихтисос диҳад.

 

Моддаи 23. Шахсони “номатлуб” эътирофшуда (“persona non grata”)

 

1. Давлати пазиранда метавонад дар кадом вақте, ки набошад, давлати фиристандаро дар бораи шахси номатлуб “persona non grata” эълон шудан ва ё кадом як корманди ҳайати консулӣ ғайримақбул будан, огоҳ намояд. Дар чунин ҳолат давлати фиристанда бояд, мутаносибан, ин шахсро бозхонд намояд ва ё вазифаҳои ӯро дар муассисаи консулӣ қатъ гардонад.

2. Агар давлати фиристанда аз иҷрои уҳдадориҳои дар банди 1 ҳамин модда нишондодашудаи худ саркашӣ кунад ва ё дар муддати оқилона онро иҷро накунад, давлати пазиранда метавонад, мутаносибан, экзекватураи ин шахсро бекор кунад ва ё эътироф кардани ӯро ҳамчун корманди ҳайати консулӣ қатъ гардонад.

3. Шахсе, ки ба сифати корманди муассисаи консулӣ таъйин шудааст, метавонад то ба қаламрави давлати пазиранда расиданаш ва ё, агар вай аллакай дар қаламрави давлати пазиранда ҳузур дошта бошад, то вақти шурӯъ кардан ба вазифаҳои худ дар муассисаи консулӣ, шахси ғайримақбул эълон карда шавад. Дар ҳама гуна чунин ҳолатҳо давлати фиристанда бояд таъйиноти ӯро бекор кунад.

4. Дар ҳолатҳои дар бандҳои 1 ва 3 ҳамин модда ишорашуда, давлати пазиранда вазифадор нест, ки ба давлати фиристанда сабабҳои қарори худро хабар диҳад.

 

Моддаи 24. Огоҳ кардани давлати пазиранда оид ба таъйинот,

ворид шудан ва тарк кардани кишвар

 

1. Вазорати корҳои хориҷии давлати пазиранда ё мақомоти аз тарафи ҳамин вазорат таъйиншуда огоҳ карда мешавад:

а) дар бораи таъйини кормандони муассисаи консулӣ, ворид шудани онҳо баъди таъйинот ба муассисаи консулӣ, оид ба тамоман тарк кардан ё доир ба қатъ гардидани вазифаҳои онҳо ва доир ба тамоми тағйироти дигаре ки ба мақоми онҳо таъсир мегузоранд, тағйироте, ки метавонанд дар ҷараёни фаъолияти кории онҳо дар муассисаи консулӣ рух диҳанд;

б) доир ба ворид шудан ё тамоман тарк кардани шахсе, ки узви оилаи корманди муассисаи консулӣ мебошад ва ба таври доимӣ ҳамроҳи ӯ умр ба сар мебарад, ҳамчунин, дар ҳолатҳое ки ин ва ё он шахс узви чунин оила мешавад ва ё узвияташ дар он қатъ мегардад;

c) доир ба ворид шудан ё тамоман тарк кардани пешхидматони манзилии шахсӣ ва дар ҳолатҳои муносиб, доир ба қатъ гардидани хидмати онҳо дар чунин сифат;

в) оид ба хидмати кироя гирифтан ё озод кардани шахсони истиқоматкунанда дар давлати пазиранда ба сифати кормандони муассисаи консулӣ ва ё кормандони пешхидмати манзилии ҳуқуқдошта ба имтиёз ва масуниятҳо.

2. Огоҳ кардан дар бораи ворид шудан ва ё тамоман тарк кардан бояд ба қадри имкон пешакӣ анҷом дода шавад.

 

Фасли II. Қатъ гардидани вазифаҳои консулӣ

 

Моддаи 25. Қатъ гардидани вазифаҳои кормандони муассисаи консулӣ

 

Вазифаҳои кормандони муассисаи консулӣ қатъ мегарданд, аз ҷумла:

а) дар асоси аз тарафи давлати фиристанда огоҳ кардани давлати пазиранда дар бораи он ки вазифаҳои вай ба охир мерасанд;

б) дар асоси бекор кардани экзекватура;

в) дар асоси аз тарафи давлати пазиранда огоҳ кардани давлати фиристанда дар бораи  он, ки давлати пазиранда эътироф кардани ӯро ба ҳайси корманди ҳайати консулӣ қатъ кардааст.

 

Моддаи 26. Тарк кардани давлати пазиранда

 

Давлати пазирандаро лозим аст, ҳатто дар ҳолати низои мусаллаҳона, ба кормандони муассисаи консулӣ ва пешхидматони манзилие, ки шаҳрвандони давлати пазиранда намебошанд, ҳамчунин ба аъзои оилаҳои онҳо, ки ҳамроҳашон зиндагӣ мекунанд, сарфи назар аз шаҳрвандии онҳо, вақт ва шароити зарурӣ барои он ки  онҳо тавонанд омодагӣ ба сафар бигиранд ва  ҳарчи зудтар баъди қатъ гардидани вазифаҳои кормандони муассиса кишвари иқоматро тарк намоянд, фароҳам оварад. Аз ҷумла, вай бояд, дар ҳолати зарурӣ, ба онҳо воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли худи онҳо ё барои интиқоли чизу чораи онҳо, ба истиснои моликияти  дар давлати пазиранда бадастовардаашон, ки баровардани он  вақти баромада рафтанашон манъ карда шудааст, пешкаш намояд.

 

Моддаи 27. Нигаҳбонии биноҳои консулгарӣ ва бойгонӣ, ҳамчунин манфиатҳои давлати фиристанда дар ҳолатҳои истисноӣ

 

1. Дар ҳолати қатъ гардидани робитаҳои консулӣ байни ду давлат:

а) давлати пазиранда бояд, ҳатто дар ҳолати низои мусаллаҳона, муассисаи консулӣ, ҳамчунин моликияти муассисаи консулӣ ва бойгонии консулиро эҳтиромгузорӣ намояд ва нигаҳбонӣ кунад;

б) давлати фиристанда метавонад нигаҳбонии муассисаи консулӣ, ҳамчунин моликияти дар он мавҷуда ва бойгонии консулиро ба давлати сеюми мақбули давлати пазиранда вогузор намояд;

в) давлати фиристанда метавонад ҳимояи манфиатҳои худ ва манфиатҳои шаҳрвандони худро ба давлати сеюми мақбули давлати пазиранда вогузор намояд.

2. Дар ҳолати муваққатан ё тамоман бастани муассисаи консулӣ муқаррароти зербанди “а” банди 1 ҳамин модда истифода карда мешавад. Ғайр аз он ки,

a) агар давлати фиристанда дар давлати пазиранда намояндагии дипломатии худро надошта бошад, вале дар қаламрави ҳамин давлат муассисаи консулии дигар дошта бошад, ба ҳамин муассисаи консулӣ мумкин аст нигаҳбонии муассисаи басташудаи консулӣ якҷоя бо моликияти дар он мавҷуда ва бойгонии консулӣ ва бо ризоияти давлати пазиранда, иҷрои вазифаҳои консулӣ дар минтақаи ҳамин муассисаи консулӣ, вогузор карда шавад; ё

б) агар давлати фиристанда дар давлати пазиранда намоядагии дипломатӣ ва муассисаи дигари консулӣ надошта бошад, муқаррароти зербандҳои “б” ва “c” банди 1 ҳамин модда истифода карда мешаванд.

 

Фасли II. Афзалиятҳо, имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои консулӣ, шахсони масъули вазифавии консулӣ ва кормандони дигари муассисаҳои консулӣ

 

Боби I. Афзалиятҳо, имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои консулӣ

 

Моддаи 28. Сабукӣ додан ба кори муассисаи консулӣ

 

Давлати пазиранда бояд ҳама гуна имкониятҳоро барои иҷрои вазифаҳои консулӣ фароҳам оварад.

 

Моддаи 29. Истифодаи парчам ва нишони давлатӣ

 

1. Давлати фиристанда тибқи муқаррароти ҳамин модда ҳуқуқи дар давлати пазиранда истифодаи парчам ва нишони давлатии худро дорад.

2. Парчами давлати фиристанда мумкин аст дар бинои ҷойгиршавии муассисаи консулӣ барафрохта ва нишони давлатӣ насб карда шавад ва дар вақти алоқаманд ба иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ, дар воситаҳои нақлиётии вай парчами давлатӣ насб карда шавад.

3. Вақти татбиқи ҳуқуқи дар муқаррароти ҳамин модда дарҷгардида, бояд қонунҳо, қоидаҳо ва урфҳои давлати пазиранда ба эътибор гирифта шаванд.

 

 

 

Моддаи 30. Таъмини биноҳо

 

1. Давлати пазиранда бояд, мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои худ, ба давлати фиристанда, ҷиҳати дар қаламрави худ харидорӣ намудани биноҳои зарурӣ барои муассисаи консулӣ ё мусоидат намояд ва ё ба ахирӣ барои бо роҳҳои дигар ба даст овардани биноҳо кумак расонад.

2. Вай бояд, ҳамчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ, ба муассисаи консулӣ барои ба даст овардани биноҳои муносиб барои кормандони он ёрӣ расонад.

 

Моддаи 31. Дахолатнопазирии биноҳои консулӣ

 

1. Биноҳои консулӣ дар он ҳудуде, ки дар ҳамин модда муқаррар карда шудааст, дахолатнопазир мебошанд.

2. Мақомоти давлати пазиранда наметавонанд ба он қисмати биноҳои консулӣ, ки танҳо барои фаъолияти муассисаи консулӣ истифода карда мешаванд, ворид шаванд, ба ҷуз ҳолатҳое, ки роҳбари муассисаи консулӣ, шахси аз тарафи он таъйиншуда ё роҳбари намояндагии дипломатии давлати фиристанда ба ин амр ризоият надиҳад. Сарфи назар аз ин, ризоияти роҳбари муассисаи консулӣ метавонад дар ҳолатҳои сӯхтор ё дигар офатҳои табиии тақозокунандаи тадбирҳои муолиҷакунандаи оҷил дар назар бошад.

3. Бо назардошти риояи шартҳои муқаррароти банди 2 ҳамин модда ба давлати пазиранда уҳдадории махсус вогузор карда мешавад, то барои ҳимояи  муассисаи консулӣ аз ҳар навъ дахолат ё расонидани зарар ва барои пешгирии ҳама гуна вайрон кардани оромии муассисаи консулӣ ва ё таҳқири шаъну шарафи он, тамоми тадбирҳои лозимиро биандешад.

4. Биноҳои консулӣ, ашёи таҷҳизоти он, чизу чораи муассисаи консулӣ, ҳамчунин воситаҳои нақлиётии он аз ҳама гуна анвои мусодира барои ҳадафҳои мудофиаи давлатӣ ё эҳтиёҷоти ҷомеавӣ, аз масуният бархурдор мебошад. Дар сурати ба вуҷуд омадани зарурати бегонагардонии биноҳо барои ҳадафҳои мазкур ҳамаи тадбирҳои имконпазир барои пешгирии вайрон накардани иҷрои вазифаҳои консулӣ андешида мешаванд ва ба давлати фиристанда фавран таъвизи муносиб ва самаранок пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 32. Аз андоз озод кардани биноҳои консулӣ

 

1. Биноҳои консулӣ ва қароргоҳи роҳбари вазифавии муассисаи консулӣ, ки соҳибмулк ё иҷорагирандаи он давлати фиристанда ё ҳар як шахсе, ки аз номи он фаъолият мекунад, аз ҳама гуна андоз, боҷу хироҷи давлатӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ озод карда мешаванд, ба истиснои ҳамон андозҳое, ки аз пардохтҳо барои иҷрои анвои мушаххаси хидматрасонӣ иборатанд.

2. Уҳдадориҳои андозбандии дар банди 1 ҳамин модда ишорашуда, ба он пардохтҳо, боҷу хироҷҳо, ки тибқи қонунияти давлати пазиранда ба шахсони бо давлати фиристанда ё шахси аз номи он фаъолияткунанда, аҳднома бастааст, алоқамандӣ надорад.

 

Моддаи 33. Дахолатнопазирии бойгонии консулӣ ва санадҳо

 

Бойгонии консулӣ ва санадҳо дар кадом вақте набошад ва сарфи назар аз макони воқеъгардидаи онҳо дахолатнопазир мебошанд.

 

Моддаи 34. Озодии ҳаракат

 

Дар асоси он ки ин амр ба қонунҳо ва қоидаҳо дар бораи минтақаҳое, ки ворид шудан ба онҳо ё манъ карда шудааст ва ё аз лиҳози таъмини амнияти давлатӣ танзим карда мешавад, давлати пазиранда бояд ба ҳамаи кормандони муассисаи консулӣ озодии ҳаракат ва саёҳат дар манотиқи дигари қаламрави худро таъмин намояд.

 

Моддаи 35. Озодии муошират

 

1. Давлати пазиранда бояд равобити озоди муассисаи консулиро барои ҳамаи мақсадҳои расмӣ иҷозат диҳад ва муҳофизат намояд. Дар равобит бо ҳукумат, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои дигари консулии давлати фиристанда, дар куҷое ки онҳо ҷойгир нашуда бошанд, муассисаи консулӣ метавонад аз ҳамаи воситаҳои муносиб бо шумули қосидони дипломатӣ ва консулӣ, банду бастҳои дипломатӣ ва консулӣ ва барқияҳои рамзӣ ва мураққам истифода намояд. Аммо таҷҳизи радиоирсолкунанда ва истифода аз онро муассисаи консулӣ метавонад танҳо бо ризоияти давлати пазиранда анҷом диҳад.

2. Мукотибаи расмии муассисаи консулӣ дахолатнопазир мебошад. Дар зери мукотибаи расмӣ тамоми мукотибаҳои мансуб ба муассисаи консулӣ ва вазифаҳои он фаҳмида мешавад.

3. Банду басти консулиро кушодан ва дастгир кардан мумкин нест. Аммо дар ҳолатҳое, ки мақомоти салоҳиятдори давлати пазиранда далелҳои ҷиддии дар банду бастҳо вуҷуд доштани ин ва ё он чизи дигарро, ғайр аз мукотибаҳо, санадҳо ё ашёи дар банди 4 ҳамин модда шуморкардаро эҳтимол кунанд, онҳо метавонанд талаб кунанд, ки банду баст дар ҳузури онҳо аз тарафи масъули давлати фиристанда кушода шаванд. Дар сурате ки мақомоти давлати фиристанда иҷрои талаби мазкурро рад мекунад, банду баст ба ҷойи ирсолшуда гардонида мешавад.

4. Ҳамаи ҷойҳое, ки банду басти консулиро ташкил мекунанд, бояд аломатҳои намоёни берунии ишоракунандаи хусусияташонро дошта бошанд ва метавонанд танҳо мукотибаҳои расмӣ ва санадҳо ё ашёи махсуси танҳо истифодаи расмӣ дошта бошанд.

5. Ба қосиди консулӣ ҳуҷҷати расмӣ дода мешавад, ки дар он мақоми ӯ ва теъдоди ҷойҳои ташкилкунандаи банду басти консулӣ ишора карда мешаванд. Ба истиснои ҳолатҳое, ки ризоияти давлати пазиранда вуҷуд дорад, вай наметавонад на шаҳрванди давлати пазиранда бошад, на, агар вай шаҳрванди давлати фиристанда набошад, шахси ба таври доимӣ зиндагикунанда дар давлати пазиранда бошад. Дар вақти иҷрои вазифаҳои худ ӯ бояд дар зери ҳимояи давлати пазиранда бошад. Ӯ аз масуниятҳои шахсӣ бархурдор буда, наметавонад, дар кадом шакле набошад, на ҳабс шавад ва на боздошт.

6. Давлати фиристанда, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии он метавонанд қосидони консулии махсус «ad hoc» таъйин намоянд. Дар чунин ҳолат муқаррароти банди 5 ҳамин модда низ истифода карда мешаванд, ба истиснои он, ки масуниятҳои дар он ишорашуда, вақти аз тарафи чунин қосид расонидани банду бастҳои ба ӯ вогузоргардида ба ҷойи таъйинот, қатъ мегарданд.

7. Банду басти консулӣ метавонад ба сарнишини киштӣ ё ҳавопаймои мулкии равона ба порт ё фурӯдгоҳе, ки фаромадани он ба вай иҷозат дода шудааст, фиристода шавад. Ба ӯ ҳуҷҷати расмӣ бо ишора ба теъдоди ҷойҳое, ки банду бастро ташкил мекунад, медиҳанд, вале вай қосиди консулӣ маҳсуб намеёбад. Баъди ба мувофиқа расонидани зарурат бо мақомоти салоҳиятдори маҳаллӣ муассисаи консулӣ метавонад як нафар аз кормандони худро барои қабули банду баст бевосита ва бемамониат аз сарнишини киштӣ ё ҳавопаймо, бифиристад.

 

Моддаи 36. Равобит ва тамосҳо бо шаҳрвандони давлати фиристанда

 

1. Бо мақсади осон гардонидани иҷрои вазифаҳои консулӣ дар муносибат ба шаҳрвандони давлати фиристанда:

а) шахсони масъули консулӣ метавонанд озодона бо шаҳрвандони давлати фиристанда равобит анҷом диҳанд ва ба онҳо имконияти дастрасӣ дошта бошанд. Шаҳрвандони давлати фиристанда ҳамин гуна озодиро дар бораи бо шахсони масъули консулии давлати фиристанда равобит доштан ва дастрасӣ ба онҳоро низ доранд;

б) мақомоти салоҳиятдори давлати пазиранда бояд фавран муассисаи консулии давлати фиристандаро дар бораи  он, ки дар ҳудуди минтақаи консулии он ин ва ё он шаҳрванди ҳамин давлат боздошт шудааст, ба ҳабс гирифта шудааст ё зери нигаҳбонии мунтазири баррасии судӣ ва ё бо ин ва ё он тартибе боздошт карда шудааст, агар ҳамон шаҳрванд тақозои ин амрро бикунад, хабардор намоянд. Тамоми иттилои ба ҳамин муассисаи консулӣ равонашаванда, аз тарафи шахси зери боздошт қарор гирифта, дар ҳабс буда, зери нигаҳбонӣ қарор дошта ё боздоштшуда, ҳамчунин фавран аз тарафи мақомоти мазкур ба муассисаи консулӣ расонида мешавад. Мақомоти мазкур бояд фавран ба ин шахс дар бораи ҳуқуқҳое, ки мувофиқи ҳамин зербанд дорад, иттилоъ диҳанд;

в) шахсони масъули консулӣ ҳуқуқ доранд ба назди шаҳрванди давлати фиристанда, ки дар ҳабс мебошад, зери нигаҳбонӣ ё боздошт шудааст, барои суҳбат бо ӯ, ташриф оранд, ҳамчунин ҳуқуқи бо ӯ мукотиба кардан ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи корманди ҳуқуқиро доро бошанд. Онҳо ҳамчунин ҳуқуқи ба назди ҳама гуна шаҳрванди давлати фиристанда, ки дар ҳабс аст, зери нигаҳбонӣ ё дар минтақаи онҳо ба хотири иҷрои қарори судӣ боздошт шудааст, ташриф оварданро доро мебошанд. Сарфи назар аз ин, шахсони масъули консулӣ бояд аз баромад кардан аз номи шаҳрванде, ки дар ҳабс аст, зери нигаҳбонӣ ё боздошт шудааст, худдорӣ кунанд, агар вай ба муқобили чунин амр яқинан монеъ бошад.

2. Ҳуқуқҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда гуфта мешаванд, бояд мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда татбиқ карда шаванд, ба он шарте ки ин қонунҳо ва қоидаҳо ба куллан татбиқ гардидани аҳдофе, ки баҳри онҳо ҳуқуқҳои тибқи ҳамин модда додашаванда, мусоидат намоянд.

 

Моддаи 37. Иттилоъ додан дар бораи вафот, сарпарастӣ ё васоятӣ

ва оид ба садамаи киштиҳо ва ҳавопаймоҳо

 

Дар ҳолати вуҷуд доштани маълумоти муайян дар мақомоти салоҳиятдори давлати пазиранда мақомоти мазкур вазифадоранд, то:

a) дар ҳолати вафоти шаҳрванди давлати фиристанда ба муассисаи консулие, ки дар минтақаи консулии ӯ вафот сурат гирифтааст, фавран иттилоъ диҳанд;

б) муассисаи салоҳиятдори консулиро дар бораи ҳама гуна ҳодисаи таъйини сарпараст ё мувассӣ, ки ба манфиатҳои ноболиғ ё шахси дигари тавони пурраи фаъолият надоштаи шаҳрванди давлати фиристанда ҷавобгӯ мебошад, фавран огоҳ кунанд. Аммо пешкаш кардани чунин маълумот набояд барои истифодаи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда дар бораи чунин таъйинот монеа эҷод намояд;

в) агар киштии мансуб ба давлати фиристанда ба фалокат дучор шуда бошад ва ё дар обҳои қаламрав ё дохилии давлати пазиранда дар монда бошад ва ё агар ҳавопаймои дар давлати фиристанда ба қайд гирифташуда дар қаламрави давлати пазиранда ба садама дучор шуда бошад, фавран дар ин бора муассисаи консулии дар наздиктарин макон ҷойгиршударо хабар диҳанд.

 

Моддаи 38. Муошират бо мақомоти давлати пазиранда

 

Дар мавриди иҷрои вазифаҳои худ шахсони масъули консулӣ метавонанд муроҷиат намоянд:

a) ба мақомоти салоҳиятдори минтақаи консулии худ;

б)ба мақомоти марказии салоҳиятдори давлати пазиранда, агар барои ин амр рухсат шуда бошад ва ба он дараҷае ки қонунҳо, қоидаҳо ва урфҳои давлати пазиранда ё аҳдномаҳои байналмилалии муайян ба он имконият медиҳанд.

 

Моддаи 39. Пардохтҳои консулӣ

 

1. Муассисаи консулӣ метавонад, барои анҷом додани фаъолиятҳои консулӣ дар қаламрави давлати иқомат тибқи қонунҳо ва қоидаҳои муқарраргардидаи давлати мавриди намояндагӣ, пардохтҳо ситонад.

2. Маблағҳои дар шакли пардохтҳо ҷамъоваришаванда, ки дар банди 1 ҳамин модда ишора шудаанд ва баргҳо (квитансияҳо) дар бораи чунин пардохтҳо дар давлати иқомат аз ҳамаи андозҳо ва боҷу хироҷҳо озод карда мешаванд.

 

Боби II. Афзалиятҳо, имтиёз ва масуниятҳои

шахсони масъули консулӣ ва кормандони

дигари муассисаҳои консулӣ

 

Моддаи 40. Ҳимояи шахсони масъули консулӣ

 

Давлати иқомат вазифадор аст, ки ба шахсони масъули консулӣ бо эҳтироми лозима муносибат намояд ва барои пешгирӣ кардани ҳама гуна таъсиррасонӣ ба шахсияти онҳо, озодӣ ва шаъну шараф ҳамаи тадбирҳои заруриро биандешад.

 

Моддаи 41. Дахолатнопазирии шахсони масъули консулӣ

 

1. Шахсони масъули консулиро ба ҳабс гирифта ва боздошти қаблӣ кардан мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарорҳои мақомоти салоҳиятдори судӣ дар ҳолати содир кардани ҷинояти вазнин, асоснок шуда  бошанд.

2. Ба истиснои ҳолатҳои дар банди 1 ҳамин модда ишорашуда, шахсони масъули консулӣ наметавонанд ба ҳабс гирифта шаванд ва наметавонанд ба ҳеҷ як шаклҳои дигар озодии шахсиашон маҳдуд карда шавад, ғайр аз ҳолатҳои лозимии  иҷрои қарорҳои судие, ки ба ҳукми қонун даромадаанд.

3. Агар нисбат ба шахси масъули консулӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад, ба ин шахс лозим аст, то ба мақомоти салоҳиятдор ҳозир шавад. Сарфи назар аз ин, дар ҷараёни баррасии парванда ба вай бояд, бо назардошти мақоми расмии ӯ, боэҳтиромона муносибат карда шавад ва ба истиснои ҳолатҳои дар банди 1 ҳамин модда муқарраргардида, бояд ҳадди имконпазир барои аз тарафи ӯ иҷро кардани вазифаҳои консулӣ камтар монеа эҷод карда шавад. Дар мавриди пайдо шудани зарурати боздошти шахси масъули консулӣ тибқи банди 1 ҳамин модда, мурофиаи судӣ бояд нисбат ба ӯ дар муддати кӯтоҳтарини имконпазир оғоз гардад.

 

Моддаи 42. Иттилоъ додан дар бораи боздошт, нигаҳдории қаблӣ ё таъқиботи судӣ

 

Дар ҳолати боздошт ё нигаҳдории қаблии кадом яке аз корманди ҳайати консулӣ ё нисбат ба ӯ ифтитоҳ кардани парвандаи ҷиноятӣ, давлати пазиранда дар ин бора фавран роҳбари муассисаи консулиро огоҳ менамояд. Агар ахирӣ худ ба чунин тадбир гирифтор гардад, давлати пазиранда  дар ин бора давлати фиристандаро тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ менамояд.

 

Моддаи 43. Масуният аз таъқиботи судӣ

 

1. Шахсони масъули консулӣ ва хидматчиёни консулӣ ба таъқиботи судӣ ё мақомоти маъмурии давлати пазиранда дар муносибат ба фаъолияти аз тарафи онҳо вақти иҷрои вазифаҳои консулӣ татбиқшавандаашон гирифтор буда наметавонанд.

2. Муқаррароти банди 1 ҳамин модда дар муносибат ба даъвои шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои зерин истифода намешавад:

а) агар он ба аҳдномаи аз тарафи шахси масъули консулӣ басташуда алоқаманд бошад ё аз тарафи хидматчии консулӣ, ки нисбат ба он онҳо бевосита ё бавосита ба худ ба сифати  гумоштаи давлати фиристанда уҳдадориҳо нагирифта бошанд; ва ё ба

б) тарафи сеюм барои зарари воридгардида, тавассути ҳодисаи тасодуфӣ дар давлати пазиранда, ки ба сабаби воситаи нақлиётӣ, киштӣ ё ҳавопаймо сурат гирифтааст.

 

Моддаи 44. Уҳдадории пешкаш кардани гувоҳии шоҳидӣ

 

1. Кормандони муассисаи консулӣ метавонанд ба сифати шоҳид вақти баррасии парвандаи судӣ ё маъмурӣ даъват карда шаванд. Хидматчии консулӣ ё корманди ҳайати хидматрасон, ба истиснои ҳолатҳои дар банди 3 ҳамин модда ишорашуда, наметавонад аз додани гувоҳӣ саркашӣ намояд. Вале агар шахси масъули консулӣ аз гувоҳӣ додан саркашӣ кунад, нисбат ба ӯ ҳеҷ гуна тадбири иҷборӣ ё ҷазодиҳӣ татбиқ намешавад.

2. Мақоме, ки ба он гувоҳии шахси масъули консулӣ лозим аст, бояд аз эҷод кардани монеа ба иҷрои аз тарафи ин шахс анҷомёбандаи вазифаҳояш, худдорӣ намояд. Вай метавонад, дар вақти имконпазир, чунин гувоҳиро дар хонаи он шахс гӯш кунад ё  дар муассисаи консулӣ ва ё аз ӯ гувоҳии хаттӣ қабул намояд.

3. Кормандони муассисаи консулӣ барои додани гувоҳӣ дар бораи масъалаҳои алоқаманд ба иҷрои вазифаҳои худ ё пешкаш кардани мукотибаҳои расмӣ ва санадҳои мансуб ба вазифаҳои онҳо, вазифадор намебошанд. Онҳо ҳамчунин барои додани гувоҳӣ доир ба тафсири қонунҳои давлати фиристанда низ уҳдадор нестанд.

 

Моддаи 45. Даст кашидан аз имтиёз ва масуниятҳо

 

1. Давлати фиристанда метавонад аз ҳама гуна имтиёз ва масуниятҳои корманди муассисаи консулии дар моддаҳои 41, 43 ва 44 муқарраргардида даст кашад.

2. Ба истиснои ҳолати дар банди 3 ҳамин модда муқарраргардида чунин дасткашӣ ҳамеша бояд возеҳ иброз шавад ва дар бораи он бояд ба давлати пазиранда дар шакли хаттӣ иттилоъ дода шавад.

3. Аз тарафи шахси масъули консулӣ ё хидматчии консулӣ пешкаш кардани даъво, вақте ки ӯ метавонист мувофиқи моддаи 43 аз таъқиботи судӣ истифодаи масуният дошта бошад, ӯро аз ҳуқуқи ба масуният аз таъқиботи судӣ дар муносибат ба чӣ гуна ки набошад даъвои муқобили ба даъвои асосӣ бевосита алоқамандидошта, маҳрум намояд.

4. Рад кардани масуният аз таъқиботи судӣ дар муносибат ба парвандаи шаҳрвандӣ ё маъмурӣ маънии рад кардан аз масунияти фаъолияти иҷроияро, ки натиҷаи қарори судӣ мебошад, надорад. Дар  муносибат ба чунин фаъолият изҳори дасткашии алоҳида зарур аст.

 

Моддаи 46. Озод кардан аз бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ

ва аз дастрас кардани иҷозати иқомат

 

1. Шахсони масъули консулӣ, хидматчиёни консулӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд, аз ҳама гуна уҳдадориҳои дар қонунҳо ва қоидаҳои дар давлати пазиранда муқарраргардида, нисбат ба бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва аз гирифтани иҷозати иқомат озод карда мешаванд.

2. Муқаррароти банди 1 ҳамин модда ба ҳамаи хидматчиёни консулӣ, ки хидматчии доимии давлати фиристанда  намебошад, ё он ки машғули фаъолияти шахсӣ ба мақсади гирифтани даромадҳо дар давлати пазиранда ҳастанд, ҳамчунин ба ҳама гуна узви оилаи чунин хидматчӣ, истифода карда намешавад.

 

Моддаи 47. Озод кардан аз гирифтани иҷозат ба кор

 

1. Кормандони муассисаи консулӣ, дар муносибат ба иҷрои корҳо барои давлати фиристанда, аз ҳама гуна уҳдадориҳои алоқаманд ба дастрас кардани иҷозат ба кор, ки бо қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда дар бораи ба кори кироя гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ муқаррар карда шудааст, озод мебошанд.

2. Кормандони пешхидмати манзилии шахсони масъули консулӣ ва хидматчиёни консулӣ, агар онҳо дар давлати пазиранда ба ҳеҷ як фаъолияти хусусӣ барои гирифтани даромадҳо машғул набошанд, аз уҳдадориҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда гуфта мешавад, озод карда мешаванд.

 

Моддаи 48. Пардохти вобаста ба таъминоти иҷтимоӣ

 

1. Ба истиснои ҳолатҳои дар банди 3 ҳамин модда муқарраргардида, қарорҳо дар бораи таъминоти иҷтимоии амалкунанда дар давлати пазиранда, ба кормандони муассисаи консулӣ ва ба аъзои оилаҳои онҳо, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд, дар муносибат ба фаъолияте, ки аз тарафи онҳо барои давлати фиристанда иҷро карда мешавад, алоқамандӣ надоранд.

2. Пардохтҳои дар банди 1 ҳамин модда муқарраргардида ба кормандони пешхидмати манзилие, ки танҳо дар хидмати кормандони муассисаҳои консулӣ мебошанд низ алоқамандӣ доранд, ба шарте ки:

а) онҳо шаҳрвандони давлати пазиранда набошанд ва дар он ба таври доимӣ зиндагӣ накунанд;

б) ба онҳо қарорҳо дар бораи таъмини иҷтимоии амалкунанда дар давлати фиристанда ё давлати сеюм алоқамандӣ доранд.

3. Кормандони муассисаи консулии ба кироя гирифташудаи шахсоне, ки ба онҳо пардохтҳои банди 2 ҳамин модда алоқамандӣ надоранд, бояд уҳдадориҳои ба кироягирандагон дар бораи бо қарорҳои таъмини иҷтимоӣ муқарраргардидаи амалкунанда дар давлати пазирандаро иҷро намоянд.

4. Пардохтҳои муқарраргардида дар банди 1 ва 2 ҳамин модда ба ихтиёран иштирок кардан дар низоми таъминоти иҷтимоӣ дар давлати пазирандаро монеъ намешаванд, ба шарте ки чунин иштирок аз тарафи ин давлат иҷозат дода шуда бошад.

Моддаи 49. Пардохтҳои андоз

 

1. Шахсони мансабдори консулӣ ва хидматчиёни консулӣ, ҳамчунин аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҳама гуна андозҳо, боҷу хироҷи шахсӣ ва моликиятӣ, давлатӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ озод карда мешаванд, ба истиснои:

a)  андозҳои ғайримустақим, ки одатан ба нархи мол ё хидматрасонӣ дохил карда мешаванд;

б) боҷу хироҷ ба моликияти ғайриманқули хусусии дар қаламрави давлати иқомат мавҷудбуда, бо пардохтҳои дар муқаррароти моддаи 32 таъйиншуда;

в) андозҳои ба амволи ба меросгирифта ё боҷҳо аз меросгирӣ ё андозҳо барои таҳвили амвол, ки аз тарафи давлати иқомат ситонида мешаванд, бо назардошти пардохтҳои муқарраргардида дар банди “б” моддаи 51;

г) андозҳо ва боҷҳо аз даромади хусусӣ, аз ҷумла даромадҳо аз сармоя, ки манбааш дар давлати пазиранда мебошад ва андозҳо аз маблағгузорӣ ба корхонаҳои тиҷоратӣ ё молиявӣ дар давлати пазиранда;

ғ) боҷҳои ситонидашаванда аз анвои мушаххаси хидматрасонӣ;

д) боҷҳои бақайдгирӣ, судӣ ва реестрӣ, боҷҳои ипотекӣ, боҷҳои муҳр бо назардошти пардохтҳои муқарраргардида дар моддаи 32.

2. Кормандони ҳайати хидматрасон аз андозҳо, боҷҳо ва хироҷҳо аз маоше, ки онҳо барои кори худ мегиранд, озод карда мешаванд.

3. Кормандони муассисаи консулии ба кироягирифташудаи шахсоне, ки маошашон дар давлати пазиранда аз андози даромад озод карда нашудааст, уҳдадориҳои муқарраркардаи қонунҳо ва қоидаҳои ҳамин давлатро доир ба кироягирандагон нисбат ба ситонидани андоз аз даромад, иҷро мена­моянд.

 

Моддаи 50. Озод кардан аз боҷи гумрукӣ ва тафтиш

 

1. Давлати пазиранда, тибқи қонунҳо ва қоидаҳои дар он қабулгардида, барои ворид ва озод кардан аз ҳамаи боҷҳои гумрукӣ, андозҳои алоқаманд ба ин боҷҳоро иҷозат медиҳад, ба истиснои боҷҳо барои ҳифозат, кашонидан ва хидматрасониҳои зерин:

               а) ашёи барои истифодаи расмии муассисаи консулӣ муқарраргардида;           

b) ашёи барои истифодаи шахсӣ лозимбудаи шахси масъули консулӣ ё аъзои оилаи вай, ки якҷоя бо ӯ зиндагӣ мекунанд, бо шумули ашёи марбут ба таҷҳизи манзили зист. Теъдоди амволи истеъмолӣ набояд бештар аз теъдоди зарурӣ барои истеъмоли бевоситаи шахсони мазкур бошад.

2. Хидматчиёни консулӣ аз имтиёз ва озодкуниҳои дар банди 1 ҳамин модда муқарраргардида, дар муносибат ба ашёи воридкардаи таҷҳизоти аввалини манзили иқомат, истифода менамоянд.

3. Бағоҷи шахсии шахсони масъули консулӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд, бағоҷе, ки шахсони мазкур ҳамроҳи худ доранд, аз тафтиш озод карда мешаванд. Онҳо метавонанд дар ҳолате ки агар асосҳои ҷиддӣ барои гумонбар шудан ба он, ки дар онҳо ашёи дигари ғайри онҳое, ки дар зербанди “б” банди 1 ҳамин модда ишорашударо дар бар мегиранд ё ашёе, ки ворид ва содир карданашон дар асоси қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда манъ карда шудаанд ва ё ба қонунҳо ва қоидаҳои карантинӣ алоқамандӣ доранд, тафтиш карда шаванд. Чунин тафтиш бояд дар ҳузури шахси масъули консулии муайян ё узви оилаи ӯ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 51. Ба мерос гирифтани моликияти кормандони

 муассисаҳои консулӣ ва аъзои оилаи онҳо

 

Дар ҳолати вафоти корманди муассисаи консулӣ ё узви оилаи вай, ки якҷоя бо ӯ зиндагӣ мекард, давлати пазиранда:

а) иҷозати баровардани моликияти вафоткардаро медиҳад, ба истиснои моликияте, ки дар давлати пазиранда ба даст оварда шудааст ва содир кардани он то ба лаҳзаи вафоти ӯ манъ карда шудааст;

б)  ҳеҷ як андози давлатӣ, ноҳиявӣ ё маҳаллӣ ба мерос ё боҷ барои ба меросгирӣ аз моликияти манқуле, ки дар давлати иқомат танҳо бо алоқамандии иқомати шахси вафоткарда ба сифати корманди муассисаи консулӣ ё узви оилаи вай дар ин давлат вуҷуд дошт, ситонида намешавад.

 

Моддаи 52. Озод кардан аз уҳдадориҳои шахсӣ ва фарогириҳо

 

Давлати иқомат уҳдадор аст, ки кормандони муассисаҳои консулӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд, аз ҳама гуна уҳдадориҳои меҳнатӣ ва давлатӣ, сарфи назар аз хусусияти онҳо, ҳамчунин аз уҳдадориҳои ҳарбӣ, ба мисли мусодира кардан, товон гирифтан ва истиқомати ҳарбӣ озод намояд.

 

Моддаи 53. Оғоз ва ба итмом расидани имтиёз ва масуниятҳо

 

1. Ҳар як корманди муассисаи консулӣ аз имтиёз ва масуниятҳое, ки дар ҳамин Конвенсия муқаррар гардидаанд, аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави давлати иқомат барои расидан ба ҷойи таъйиноти худ ё, агар вай аллакай дар ин қаламрав бошад, аз лаҳзаи шурӯъ кардан ба иҷрои вазифаҳои худ дар муассисаи консулӣ, истифода менамояд.

2. Аъзои оилаи корманди муассисаи консулие, ки якҷоя бо ӯ зиндагӣ мекунанд ва кормандони пешхидмати манзилии вай аз имтиёз ва масуниятҳои дар ҳамин Конвенсия муқарраргардида, аз лаҳзаи ба онҳо пешкашшудаи имтиёз ва масуниятҳо мувофиқи банди 1 ҳамин модда ё аз лаҳзаи ворид шудани онҳо ба қаламрави давлати пазиранда ва ё аз он лаҳзае, ки онҳо аъзои оилаи ӯ ё кормандони пешхидмати манзилӣ гардиданд дар алоқамандӣ аз он, ки ахиран ба вуқӯъ пайваст, бархурдоранд.

3. Дар мавриди ба итмом расидани вазифаҳои корманди муассисаи консулӣ, имтиёз ва масуниятҳои ӯ, ҳамчунин имтиёз ва масуниятҳои аъзои оилаи ӯ, ки якҷоя бо вай зиндагӣ мекунанд, ё корманди пешхидмати манзилии ӯ, одатан, аз лаҳзаи аз тарафи шахси мазкур тарк кардани давлати иқомат ё бо ба охир расидани муддати мувофиқ, ки ӯ ин амрро анҷом дода тавонад дар алоқамандӣ бо он ки  кадом як аз ин лаҳзаҳо пештар фаро мерасад, қатъ мегарданд, аммо то ба ин лаҳза онҳо мавҷудияти худро, ҳатто дар ҳолати ба вуқӯъ пайвастани низои мусаллаҳона, идома медиҳанд. Дар муносибат ба шахсоне, ки дар банди 2 ҳамин модда ишора шудааст, имтиёз ва масуниятҳои онҳо вақте ба охир мерасанд, ки аъзои оилаи корманди муассисаи консулӣ будани онҳо ба охир расад ё пешхидматии худро дар итоати ӯ тарк кунанд, вале бо он мулоҳиза, ки агар чунин шахсон нияти дар муддати мувофиқ тарк кардани давлати пазирандаро дошта бошанд, имтиёз ва масуниятҳои онҳо то лаҳзаи тарк намудани кишвар ҳифз карда мешаванд.

4. Вале дар муносибат ба фаъолиятҳои аз тарафи шахси масъули консулӣ ё хидматчии консулӣ вақти иҷрои вазифаҳои худ анҷомдиҳанда, масуният аз таъқибот бе маҳдуд кардани муддат идома меёбад.

5. Дар ҳолати вафоти корманди муассисаи консулӣ, аъзои оилаи он, ки якҷоя бо ӯ зиндагӣ мекарданд, то лаҳзаи аз тарафи онҳо тарк кардани давлати пазиранда ё то ба охир расидани муддати мувофиқи тарк кардани давлати пазиранда дар алоқамандӣ ба он ки кадом як аз ин лаҳзаҳо пештар фаро мерасад, истифодаи имтиёз ва масуниятҳоро идома медиҳанд.

 

Моддаи 54. Уҳдадориҳои давлатҳои сеюм

 

1. Агар шахси масъули консулӣ, дар сафар ба ҷойи таъйиноти худ ё вақти бозгашт ба давлати фиристанда, аз қаламрави давлати сеюми ба ӯ раводид содирнамуда, агар ин амр зарурат дошта бошад, мегузарад ё дар қаламрави давлати сеюм мебошад, давлати сеюм ҳамаи масуниятҳои дар моддаҳои дигари ҳамин Конвенсия муайянгардида, ки метавонанд барои таъмини убур ё бозгашти ӯ лозим шаванд,  ба ӯ медиҳад. Чунин амр ба аъзои оилаи ӯ, ки якҷоя бо ӯ зиндагӣ мекунанд ва аз имтиёзи ёдшуда ва масуниятҳо бархурдоранд ва ҳамроҳи шахси масъули консулӣ ё алоҳида барои пайвастан ба ӯ ё бозгашт ба давлати фиристанда сафар мекунанд низ дода мешаванд.

2. Дар ҳолатҳое, ки дар банди 1 ҳамин модда ишора шудаанд, давлатҳои сеюм набояд ба убури кормандони дигари муассисаи консулӣ аз қаламрави онҳо ё аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекунанд, монеа эҷод кунанд.

3. Давлатҳои сеюм бояд чунин озодӣ ва ҳимояте, ки давлати пазиранда уҳдадор аст мувофиқи ҳамин Конвенсия барои мукотибаҳои расмӣ ва иттилооти дигари расмии раванда аз тариқи транзит бо шумули барқияҳои рамзӣ ва мураққамро  диҳад, таъмин намоянд. Онҳо ба қосидони консулие, ки барояшон раводид дода шудааст, агар чунин амр зарурат дошта бошад, ҳамчунин ба банду бастҳои консулии аз тариқи транзит убуркунанда, чунин дахолатнопазирӣ ва ҳимояте, ки давлати пазирандауҳдадор аст мувофиқи ҳамин Конвенсия бидиҳад, бояд таъмин намоянд.

4. Уҳдадориҳои давлати сеюм, ки дар банди 1, 2 ва 3 ҳамин модда муқаррар карда шудаанд, ҳамчунин ба шахсони мутаносибан ишорашуда дар ин бандҳо ва ба он иттилооти расмӣ ва банду басти консулие, ки мавҷудияташон дар қаламрави давлати сеюм ба ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс мажор) алоқаманд мебошанд, низ мансуб мебошад.

 

Моддаи 55. Эҳтироми қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда

 

1. Ҳамаи шахсоне, ки аз имтиёз ва масуниятҳо бархурдоранд, муваззафанд бе ворид кардани зарар ба имтиёз ва масуниятҳои худ, қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазирандаро эҳтиром намоянд.

2. Биноҳои консулӣ набояд барои ҳадафҳои номувофиқ ба иҷрои вазифаҳои консулӣ истифода карда шаванд.

3. Муқаррароти банди 2 ҳамин модда имконияти ҷойгир кардани дафтар ё мақомоти дигар ё муассисаҳоро дар қисмати биное, ки дар он утоқҳои консулгарӣ ҷойгир карда шудаанд, истисно намекунад, ба шарте ки қисмати ба чунин мақомот ҷудокардашуда аз утоқҳое, ки муассисаи консулӣ аз онҳо истифода менамояд, ҷудо карда шуда бошад. Дар чунин ҳолат дастгоҳҳои ишорашуда мувофиқи ҳамин Конвенсия қисмати бинои консулӣ маҳсуб намеёбанд.

 

Моддаи 56. Суғурта кардан аз зарари

 ба шахсони сеюм расонидашаванда

 

Кормандони муассисаи консулӣ бояд ҳама гуна талаботи муқарраркардаи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда дар муносибат ба суғурта кардан аз зараре, ки мумкин аст ба шахсони сеюм дар натиҷаи истифодаи ҳама гуна воситаи нақлиётӣ, киштӣ ё ҳавопаймо расонида шавад, риоя намоянд.

 

Моддаи 57. Муқаррароти махсус нисбат

ба фаъолияти хусусӣ бо мақсади гирифтани даромад

 

1. Шахсони масъули консулӣ набояд дар давлати пазиранда ба фаъолияти касбӣ ё фаъолияти тиҷоратӣ бо мақсади гирифтани даромади шахсӣ машғул шаванд.

2. Имтиёз ва масуниятҳои дар ҳамин боб муқарраргардида дода намешаванд ба:

a) хидматчиёни консулӣ ё кормандони ҳайати хидматрасонӣ, ки дар давлати пазиранда ба фаъолияти хусусӣ бо мақсади гирифтани даромад машғуланд;

б) аъзои оилаи шахсе, ки дар бораи он дар зербанди “а” ҳамин банд сухан меравад ё ба кормандони пешхидмати манзилии ӯ;

в) аъзои оилаи корманди муассисаи консулӣ, ки дар давлати пазиранда ба фаъолияти хусусӣ ба мақсади гирифтани даромад машғул мебошанд.

 

Фасли III. Тартиботи истифодашаванда ба шахсони масъули консулгариҳои фахрӣ ва муассисаҳои консулие, ки  аз тарафи чунин

 шахсони масъул роҳбарӣ карда мешаванд

 

Моддаи 58. Муқаррароти умумии марбут

ба бартарӣ, имтиёз ва масуниятҳо

 

1. Моддаҳои 28, 29, 30, 34, 35, 36, 37, 38 ва 39, банди 3 моддаи 54 ва банди 2 ва 3 моддаи 55 ба муассисаҳои консулие, ки аз тарафи шахсони масъули консулҳои фахрӣ роҳбарӣ мешаванд, татбиқ мешаванд. Ғайр аз ин, бартарӣ, имтиёз ва масуниятҳои чунин муассисаҳои консулӣ тибқи моддаҳои 59, 60, 61 ва 62 низ танзим карда мешаванд.

2. Моддаҳои 42 ва 43, банди 3 моддаи 44, моддаи 45 ва 53 ва банди 1 моддаи 55 ба шахсони масъули консулҳои фахрӣ татбиқ мешаванд. Ғайр аз ин, бартарӣ, имтиёз ва масуниятҳои чунин шахсони масъули консулӣ тавассути моддаҳои 63, 64, 65, 66 ва 67 низ танзим карда мешаванд.

3. Имтиёз ва масуниятҳои муқарраргардида дар ҳамин Конвенсия ба аъзои оилаи шахси масъули консули фахрӣ ё хидматчии консулие, ки дар муассисаи консулии роҳбарикунандаи шахси масъули консули фахрӣ фаъолият мекунад, дода намешавад.

4. Мубодилаи банду бастҳои консулӣ байни ду муассисаи консулии роҳбарикунанда аз тарафи шахсони масъули консули фахрӣ ва дар давлатҳои гуногун ҷойдошта, бе мувофиқати ду давлати муайяни пазиранда, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 59. Ҳимояи биноҳои консулӣ

 

Давлати пазиранда уҳдадор аст барои ҳимояи биноҳои консулии муассисаи консулии роҳбарикунанда аз тарафи шахси масъули консули фахрӣ аз ҳама гуна таҷовуз ё ворид кардани зарар ва барои пешгирӣ кардани ҳама гуна халалдоркунии оромии муассисаи консулӣ ё таҳқири шаъну шарафи вай, ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад.

 

Моддаи 60. Озод кардани биноҳои консулӣ аз андозҳо

 

1. Биноҳои консулии муассисаи консулии роҳбарикунанда аз тарафи шахси масъули консулии фахрӣ, ки давлати фиристанда соҳибмулк ё иҷорагирандаи онҳо мебошад, аз ҳамаи андозҳо, боҷу хироҷҳои давлатӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ озод карда мешаванд, ба истиснои пардохтҳое, ки барои анвои мушаххаси хидматрасонӣ пешбинӣ шудаанд.

2. Озод кардан аз андозҳое, ки дар бораи онҳо дар банди 1 ҳамин модда гуфта мешавад, ба чунин андозҳо, боҷу хироҷҳо алоқамандӣ надоранд, ки агар мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда, онҳо аз тарафи шахсе, ки бо давлати фиристанда аҳднома баста бошад, пардохт карда шаванд.

 

Моддаи 61. Дахолатнопазирии бойгонии консулӣ ва санадҳо

 

Бойгонии консулӣ ва санадҳои муассисаи консулии аз тарафи шахси масъули консулии фахрӣ роҳбаришаванда, ҳамеша ва сарфи назар аз макони ҷойгиршавиашон, дахолатнопазир мебошанд ба шарте ки онҳо дар алоҳидагӣ аз коғазҳои дигар ва санадҳо, аз ҷумла аз мукотибаҳои шахсии роҳбари муассисаи консулӣ ва ҳама гуна шахсе, ки бо ӯ кор мекунад, ҳамчунин аз мавод, китобҳо ва санадҳои ба касб ё машғулияти онҳо тааллуқдошта, нигоҳ дошта шаванд.

 

Моддаи 62. Озод кардан аз боҷҳои гумрукӣ

 

Давлати иқомат, мувофиқи қонунҳо ва қоидаҳои дар он қабулгардида амал карда, барои ворид кардани ашёи зерин, ба шарте ки онҳо барои истифодабарии расмии муассисаи консулии роҳбаришаванда аз тарафи шахси масъули консулии фахрӣ ихтисос дода шуда бошанд, иҷозат медиҳад ва аз пардохт кардани ҳама гуна боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва пардохтҳои ба ҳамин алоқаманд, озод менамояд, ба истиснои боҷҳо барои нигаҳбонӣ, кашонидан ва хидматрасониҳои монанди онҳо: нишонҳои давлатӣ, парчамҳо, овезаҳо, муҳру сиккаҳо, китобҳо, маводи расмии чопӣ, мебели дастгоҳӣ, таҷҳизоти дастгоҳӣ ва дигар ашёи аз давлати фиристанда ё тибқи талаботи ахирӣ гирифтаи муассисаи консулӣ.

 

Моддаи 63. Парвандаҳои ҷиноятӣ

 

Агар нисбат ба шахси масъули консулии фахрӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда истода бошад, пас ин шахс бояд ба мақомоти салоҳиятдор ҳозир шавад.  Сарфи назар аз ин, дар ҷараёни баррасии парванда, дар алоқамандӣ ба мақоми расмии ӯ, ба вай бо эҳтиромгузорӣ муносибат карда шавад ва ба истиснои ҳолатҳое, ки ӯ ба ҳабс гирифта шудааст ва ё боздошт шудааст, ба ӯ барои иҷро кардани вазифаҳои консулӣ, ҳаддалимкон, бояд камтар монеа эҷод карда шавад. Вақти пайдо шудани зарурати боздошт кардани шахси масъули консулии фахрӣ, таъқиботи судӣ нисбат ба ӯ бояд дар кӯтоҳтарин муддати имконпазир оғоз карда шавад.

 

Моддаи 64. Ҳимояи шахсони масъули консулии фахрӣ

 

Давлати иқомат уҳдадор аст ба шахси масъули консулии фахрӣ чунин ҳимояро бидиҳад, ки мақоми расмии ишғолкардаи ӯ онро талаб мекунад.

 

Моддаи 65. Озод кардан аз бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ

 дарёфти иҷозати иқомат

 

Шахсони масъули консулии фахрӣ ба истиснои онҳое, ки дар давлати пазиранда ба ҳар навъ фаъолияти касбӣ ё фаъолияти тиҷоратӣ бо мақсади гирифтани даромади хусусӣ машғул мебошанд, аз ҳамаи уҳдадориҳои бо қонунҳо ва қоидаҳои давлати пазиранда вогузоршавандаи марбут ба бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва дастрас кардани иҷозати иқомат, озод карда мешаванд.

 

Моддаи 66. Озод будан аз андоз

 

Шахси масъули консулии фахрӣ аз тамоми андозҳо, боҷу хироҷҳои ба мукофот ва маоше, ки вай аз давлати фиристанда барои иҷрои вазифаҳои консулӣ мегирад, озод карда мешавад.

 

Моддаи 67. Озод будан аз хидматҳо ва уҳдадориҳои шахсӣ

 

Давлати пазиранда бояд шахсони мансабдори консулии фахриро аз тамоми уҳдадориҳои меҳнатӣ ва давлатӣ, сарфи назар аз хусусиятҳои онҳо, ҳамчунин аз уҳдадориҳои ҳарбӣ, аз қабили мусодира, ситонидани товони ҳарбӣ ва иқомати афроди низомӣ, озод намояд.

 

Моддаи 68. Хусусияти ғайривазифавии муассисаи

шахсони масъули консулии фахрӣ

 

Ҳар як давлат дар қабули қарор доир ба таъйин ё қабул кардани шахсони мансабдори консулии фахрӣ озод аст.

 

Фасли  IV. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 69. Гумоштаҳои консулие, ки роҳбарони

муассисаҳои консулӣ намебошанд

 

1.  Ҳар як давлат дар қабули қарор озод аст, ки вай агентиҳои консулӣ таъсис диҳад ё барои таъсис додани онҳо, ки аз тарафи гумоштаҳои консулӣ роҳбарӣ мешаванд, иҷозат диҳад, ки онҳо аз тарафи давлати фиристанда ба сифати роҳбарони муассисаҳои консулӣ таъйин нашудаанд.

2. Шароите, ки дар заминаи онҳо агентиҳои консулии дар банди 1 ҳамин модда ишорашуда тавонанд вазифаҳои худро иҷро намоянд, ҳамчунин имтиёз ва масуниятҳое, ки гумоштаҳои консулии онҳоро роҳбарикунанда тавонанд истифода кунанд, дар асоси мувофиқаи байни давлати фиристанда ва давлати пазиранда муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 70. Иҷрои вазифаҳои консулӣ

 аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ

 

1. Муқаррароти ҳамин Конвенсия ҳамчунин ба он дараҷае истифода мегардад, ки он аз матн муайян карда мешавад, ин амр дар ҳолати иҷрои вазифаҳои консулӣ аз тарафи намояндагии дипломатӣ татбиқ мегардад.

2. Насаби кормандони намояндагии дипломатие, ки ба шуъбаи консулӣ таъйин карда мешаванд ё ба таври дигар ба онҳо супориши вазифаҳои консулии намояндагӣ дода мешавад, ба вазорати корҳои хориҷии давлати пазиранда ё мақомоте, ки ин вазорат онро таъйин кардааст, иттилоъ дода мешавад.

3. Вақти иҷро кардани вазифаҳои консулӣ намояндагии дипломатӣ метавонад муроҷиат намояд:

а) ба мақомоти маҳаллии минтақаи консулӣ;

б) ба мақомоти марказии давлати пазиранда, агар ин амрро қонунҳо, қоидаҳо ва урфҳои давлати пазиранда ё созишномаҳои байналмилалии қабулгардида имкон дода бошанд.

4. Имтиёз ва масуниятҳои кормандони намояндагии дипломатӣ, ки дар бораи онҳо дар банди 2 ҳамин модда гуфта мешавад, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии марбут ба равобити дипломатӣ танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 71. Шаҳрвандони давлати пазиранда ва шахсоне, ки

 дар он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд

 

1. Агар ба шахсони масъули консулӣ, ки шаҳрвандони давлати пазиранда мебошанд ё дар он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, давлати пазиранда кадом як бартарӣ, имтиёз ва масуниятҳои иловагӣ надиҳад, онҳо танҳо аз масунияти таъқиботӣ ва дахолатнопазирии шахсӣ дар муносибат ба фаъолиятҳои расмии аз тарафи онҳо татбиқшаванда, вақти иҷрои вазифаҳои худ ва имтиёзи дар банди 3 моддаи 44 муқарраргардида, истифода менамоянд. Дар муносибат ба ин шахсони масъул, давлати пазиранда ҳамчунин уҳдадор аст шартҳои дар моддаи 42 баёнгардидаро риоя намояд. Агар нисбат ба чунин шахси масъули консулӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад, мурофиаи судӣ, ба истиснои ҳамон ҳолатҳое, ки ин шахс ба ҳабс гирифта шудааст ё боздошт шудааст, бояд ба тарзе муносибат кунад, ки барои иҷрои вазифаҳои консулӣ, ба қадри имкон, камтар монеа эҷод намояд.

2. Кормандони дигари муассисаи консулӣ, ки шаҳрвандони давлати пазиранда мебошанд ё дар он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин аъзои оилаҳои онҳо ва аъзои оилаҳои шахсони масъули консулӣ, ки дар бораи онҳо дар банди 1 ҳамин модда сухан меравад, аз бартарӣ, имтиёз ва масуниятҳо фақат дар он сатҳ истифода мекунанд, ки онро давлати пазиранда пешкаш намудааст. Аъзои оилаҳои кормандони муассисаи консулӣ ва кормандони пешхидмати манзилии хусусӣ, ки шаҳрвандони давлати пазиранда мебошанд ё дар он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин аз бартарӣ, имтиёз ва масуниятҳо танҳо ба он дараҷа истифода менамоянд, ки онро давлати пазиранда пешкаш намудааст. Аммо давлати пазиранда бояд таъқиботи худро аз болои ин шахсон ба тарзе татбиқ намояд, ки барои иҷрои вазифаҳои муассисаи консулӣ монеаҳои нолозим эҷод нагарданд.

 

Моддаи 72. Роҳ надодан ба табъиз

 

1. Дар истифодаи муқаррароти ҳамин Конвенсия давлати пазиранда набояд давлатҳоро табъиз намояд.

2. Аммо ҳолатҳои зерин ба ҷой доштани табъиз далолат намекунанд:

a) агар давлати пазиранда яке аз муқаррароти ҳамин Конвенсияро бо назардошти маҳдудан истифода шудани ин муқаррарот, дар муносибат ба муассисаҳои консулии он дар давлати фиристанда, маҳдудан истифода намояд;

б) агар мувофиқи урф ё тибқи созишнома давлатҳо ба ҳамдигар шароити бештари мусоид нисбат ба он, ки муқаррароти ҳамин Конвенсия тақозо мекунад, пешкаш намоянд.

 

Моддаи 73. Муносибати ҳамин Конвенсия ба созишномаҳои дигари байналмилалӣ

 

1. Муқаррароти ҳамин Конвенсия дар созишномаҳои дигари байналмилалӣ, ки байни давлатҳои иштирокчӣ дар онҳо эътибор доранд инъикос намегарданд.

2. Ҳеҷ яке аз муқаррароти ҳамин Конвенсия ба давлатҳо барои қабули созишномаҳои байналмилалии таъйидкунанда, такмилдиҳанда, интишоркунанда ва тавсеадиҳандаи муқаррароти он, монеа эҷод намекунад.

 

Фасли V. Мафҳумҳои ҷамъбастӣ

 

Моддаи 74. Баимзорасонӣ

 

Ҳамин Конвенсия барои баимзорасонӣ аз тарафи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ё муассисаҳои тахассусии он ё давлатҳое, ки иштирокчии Мақоми Суди Байналмилалӣ мебошанд, ҳамчунин ҳар як давлате, ки Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои дар Конвенсия иштирокчӣ шудан даъват ба амал меоварад, кушода мебошад: то 31 октябри соли 1963 дар Вазорати корҳои хориҷии федеративии Ҷумҳурии Австрия ва баъд, то 31 марти соли 1964 – дар муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк.

 

Моддаи 75. Тасвиб

 

Конвенсия бояд ба тасвиб расонида шавад. Санадҳои тасвибӣ барои маҳфуздорӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

 

Моддаи 76. Ҳамроҳшавӣ

 

Конвенсия барои ҳамроҳшавии ҳар як давлати ба яке аз чаҳор гурӯҳи ба моддаи 74 шомилгардида, кушода мебошад. Санадҳои ҳамроҳшавӣ барои ҳифз ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.

 

Моддаи 77. Пайдо кардани эътибор

 

1. Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои ҳифз супоридани санади бистудуюмини тасвибӣ ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, эътибор пайдо мекунад.

2. Дар муносибат ба ҳар давлате, ки Конвенсияро ба тасвиб мерасонад ё ба вай баъди барои ҳифзу супоридани  санади тасвибӣ ё санади бистуюмин дар бораи ҳамроҳшавӣ, Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои ҳифзу супоридани он аз тарафи ин давлат, санади тасвибии худ ё санад дар бораи ҳамроҳшавӣ, эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 78. Огоҳиномаҳои аз тарафи Котиби генералӣ ирсолшаванда

 

Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои мутааллиқ ба яке аз чор гурӯҳи дар моддаи 74 шомилгардидаро дар бораи содир шудани амалҳои зерин огоҳ мекунад:

а) имзои Конвенсияи мазкур ва барои ҳифзу супорида шудани эътиборномаҳои тасвиб ё санадҳои ҳамроҳшавӣ мувофиқи моддаҳои 74, 75 ва 76;

б) дар бораи таърихи эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур мувофиқи моддаи 77.

 

Моддаи 79. Матнҳои яксон

 

Нусхаи аслии Конвенсияи мазкур, ки матни он ба забонҳои русӣ, англисӣ, испанӣ, хитоӣ ва фаронсавӣ эътибори яксон доранд, барои ҳифзу ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд ва ӯ нусхаҳои тасдиқгардидаи онро ба ҳамаи давлатҳои муталлиқ ба яке аз чор гурӯҳи дар моддаи 74 дарҷгардида мефиристад.

Барои тасдиқи он, имзокунандагони зерин, ки аз тарафи ҳукуматҳои худ ба таври лозима мукаллаф шудаанд, Конвенсияро имзо намуданд, ки он дар Вена бисту чаҳоруми апрели соли ҳазору нуҳсаду шасту се содир гашт.

Нигористон

Тақвим