Сафари Вазири корҳои хориҷӣ ба Исломобод

07.12.2015 20:16

7 декабри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов барои иштирок дар кори Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё– Раванди Истамбул» ба шаҳри Исломобод сафар кард.

Дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои як қатор кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур пешбинӣ шудаанд. Интизор меравад, ки дар натиҷаи конфронси мазкур Эъломияи Исломобод зери унвони «Қалби Осиё–Раванди Истамбул: тавсеаи ҳамкориҳо ҷиҳати мубориза алайҳи чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар минтақаи Қалби Осиё» қабул карда мешавад.

Нигористон

Тақвим