8 декабри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Кордори нави Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осим Арарро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат дар атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои судманд дар арсаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт.