8 декабри соли 2015 дар Исломобод дар ҳошияи конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё - Раванди Истамбул» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷавод Зариф мулоқот анҷом дод.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ намуданд. Дар атрофи вазъ ва чолишҳои амнияти минтақа ва инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.