Мулоқотҳо бо ашхоси расмии Покистон

09.12.2015 13:10

8 декабри соли 2015 дар доираи сафари корӣ ба Исломобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо як қатор ашхоси расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқотҳо доир намуд.

С.Аслов бо Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз, Вазири банақшагирӣ, рушд ва ислоҳот Аҳсан Иқбол ва Вазири федеролии об ва энергетика Хоҷа Муҳаммад Осиф вохӯриҳо анҷом дод.  

Зимни мулоқотҳо таваҷҷуҳи махсус ба баррасии натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи ноябри соли ҷорӣ ва татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда зоҳир гардид.

Мубодилаи афкор инчунин атрофи масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Мулоқотҳо бо ашхоси расмии Покистон

Мулоқотҳо бо ашхоси расмии Покистон

Мулоқотҳо бо ашхоси расмии Покистон

Нигористон

Тақвим