9 декабри соли 2015 дар шаҳри Токио Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ ба Аълоҳазрат Императори Япония Акиҳито Эътимоднома супорид.
Пас аз баргузории маросими супоридани Эътимоднома, ки дар Қасри Император баргузор гардид, суҳбати самимӣ дар фазои дӯстӣ доир гардид.
Сафир аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ ва таманниёти сиҳатии комил ба Аълоҳазрат ва ба мардуми Ҷопон сулҳу субот ва шукуфоиро расонид.
Императори Ҷопон қайд намуд, ки дидорашро бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбати пурмӯҳтаво хуб дар ёд дорад. Император Акиҳито аз Сафир дархост намуд, ки дуруду паёмашро ба Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.
Ҳамчунин Аълоҳазрат дар бораи сафари Сарвазири Ҷопон ба Тоҷикистон ва бо муваффақ анҷом ёфтани он андеша намуд. Сафир Ҳ. Зарифӣ сафари Сарвазири Япония ба кишварамон муҳим ва самаранок барои ҳар ду кишвар номид.
Император Акиҳито ба Сафири Тоҷикистон комёбиҳо дар рисолати муҳимаш баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон таманно намуд.
Ҳамзамон суҳбати Сафир бо Вазири адлияи Ҷопон Иваки Митсуҳидэ, ки дар маросим низ иштирок дошт, баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор намуданд.