Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

09.12.2015 17:34

9 декабри соли 2015 дар Исломобод дар ҳошияи конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё - Раванди Истамбул» вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт баргузор гардид.  

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба паёмадҳои ногувори ҳодисаи заминларзаи 7 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон ва бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ табодули назар карданд.

Ҷонибҳо инчунин масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро муҳокима намуданд.

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо

Нигористон

Тақвим