Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

10.12.2015 12:12

10 декабри соли 2015 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини се давлати аврупоӣ ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.

Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас, Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс ва Шоҳигарии Испания Педро Хосе Санз Серрано супориданд.

Пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

С. Аслов сафиронро  барои  ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

Маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони се давлати аврупоӣ

Нигористон

Тақвим