10 декабри соли 2015 сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту ва Ҷумҳурии Гвинея Бангали Диахаби нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супориданд.
Дар рафти суҳбатҳои баргузоршуда роҷеъ ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мазкур дар арсаҳои мухталиф табодули назар сурат гирифт. Ҳамчунин ҳамкориҳои минбаъдаи ҷонибҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд.