Дидори Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Директори кишварии Фонди нуфузи аҳолии СММ

10.12.2015 17:20

10 декабри соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Директори кишварии Фонди нуфузи аҳолии СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон хонум Миеко Ябутаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Хазинаи нуфуси СММ дар соҳаҳои аҳолӣ ва рушд, таҳкими саломатии репродуктивии занон, баланд бардоштани фаъолияти маърифатӣ дар байни ҷавонон оид ба ҳифзи саломатӣ, баробарии гендерӣ, инчунин таҳияи барномаи чоруми кишварии UNFPA барои Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим