8 феврали соли 2023 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар ин кишвар дар Дафтари намояндагии Барномаи рушди СММ дар Чин бахшида ба татбиқи ҳадафҳои баъдии Конфронси оби СММ (22-24 марти соли 2023 ш. Ню-Йорк) брифинги муштарак баргузор гардид.
Зимни суханронӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Саидзода Зоҳир оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (6-9 июни соли 2022 ш.Душанбе), ҳамзамон дар бораи чораҳои тадорукотии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд (22-24 марти 2023 Ню-Йорк), инчунин дар бораи қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд ва 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард маълумот ироа намуд.
Дар брифинги муштарак ҷаласаи алоҳидаи панелӣ дар сатҳи коршиносони соҳавӣ баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он оид ба аҳамияти Конфронси моҳи марти соли 2023 Ню-Йорк, таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳон, тағирёбии иқлим мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафири Нидерландия дар Чин Вим Гиртс, директори дафтари ЮНЕСКО дар Чин доктор Шаҳбоз Хон, муовини вазири оби Ҷумҳурии Мардумии Чин Тиен Суебин ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Чин доктор Сидхард Чатерҷе низ маърузаҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 100 намоянда аз зумраи роҳбарияти сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, сафирони кишварҳои хориҷии муқими Чин ва инчунин воситаҳои ахбори омма, дар шакли ҳузуриву маҷозӣ иштирок намуданд.