Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Пекин

11.12.2015 11:18

Аз 10 декабри соли 2015 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.

Дар рафти ҷаласаи номбурда ҳуҷҷатҳо ва мавзӯъҳое мувофиқа мегарданд, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ (14-15 декабри соли ҷорӣ, шаҳри Чжэнжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин) пешниҳод мешаванд.

Нигористон

Тақвим