11 декабри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасад баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон ва тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, илму фарҳанг ва саёҳат баррасӣ шуданд.
Табодули назар доир ба тарҳҳои зерсохторӣ ва раванди ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.