Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири ҶМЧ

15.12.2015 14:47

15 декабри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ баҳои баланд дода шуд.  Инчунин роҷеъ ба доираи васеи  ҳамкориҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангу маориф, саноат ва технологияҳои нав табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таъсиси Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ва таъмини суботи минтақавӣ ва мубориза бо чолишҳои муосири амниятӣ баррасӣ шуданд.

Нигористон

Тақвим