19 декабри соли 2015 дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар қароргоҳи худ дар шаҳри Абӯ Забӣ Директор генералии Агентии байналмилалии нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) Аднон Аминро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти байналмилалӣ ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо бо дарназардошти захираҳои бузурги нерӯи тоза дар Тоҷикистон доир ба ҷалби имкониятҳои IRENA ба раванди татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвар табодули назар намуданд.