Мулоқот бо Директор генералии Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд

21.12.2015 08:36

19 декабри соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар доираи сафари расмии худ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб бо Директори генералии Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд Муҳаммад ас-Сувайдӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва муассисаҳои молиявии арабӣ, аз ҷумла Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои неки сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати роҳандозии ҳамкории муассир дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ иқдомоти лозима анҷом хоҳанд дод.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳо роҷеъ ба мусоидати Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд дар бартарафсозии паёмадҳои нохуши заминларзаи рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо Директор генералии Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд

Нигористон

Тақвим