Мулоқот бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб

21.12.2015 09:16

20 декабри соли 2015 дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи ҳамкориҳо байни ду кишвар табодули назар карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб авлавият медиҳад ва ҳавасманди рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд бо ин кишвар мебошад.

Ҷонибҳо инчунин зарурати ба роҳ мондани тамосу мулоқотҳои мунтазами сатҳи олиро таъкид намуда, масъалаи сафарҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишварро баррасӣ карданд. 

Мулоқот бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб

Мулоқот бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб

Нигористон

Тақвим