Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Остона

21.12.2015 15:57

21 декабри соли 2015 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ф.Могеринӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода  роҳбарӣ намуд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла  Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Вазирон дар маҷмӯъ оид ба аҳамияти муносибати Иттиҳоди Аврупо ба минтақа, ки на танҳо кӯмаки молиявии бисёрҷонибаро дар бар мегирад, ҳамчунин кӯмаки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ташкилотҳои молиявии Аврупоро, аз ҷумла Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, эътироф намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазирон Баёнияи муштаракро қабул намуданд.

Нигористон

Тақвим