20 декабри 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Анвар Гаргош баргузор шуд.
Зимни суҳбат масоили мубрами ҳамкориҳои байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аз 20 солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ ёдовар шуда, аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои олию баланд ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Барои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ ва инчунин роҳандозии ҳамкориҳои васеъ байни бахшҳои хусусии ду кишвар фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун абзори муҳим арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи иштироки Фонди Абӯ-Забӣ оид ба рушд ва дигар ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории ин кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон табодули назар карданд.