Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Давлати Қатар

24.12.2015 17:36

24 декабри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим