Вазир cафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

06.03.2023 18:53

06-03-2023-18-53.jpg

6 марти соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ паёми Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли Саудро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.

Дар идома ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим