Машваратҳои сиёсии байнивазоратӣ дар ш. Душанбе

25.12.2015 16:01

24-25 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Ҳайатҳои ду кишвар таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Масоили рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳо, тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ташаккулёфта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Манфиати ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи нерӯи мавҷуда баҳри васеъ гардонидани номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳо дар тиҷорати мутақобила  таъкид шуд. Қайд гардид, ки ҷаласаи рӯзҳои 23-24 июни соли 2015 баргузоргардидаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон дод, ки ба соҳаҳои ҳамкориҳои мавриди ниёзмандии бештар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

Тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ изҳор намуданд.

Ҷонибҳо атрофи масоили дурнамои рушди минбаъдаи СҲШ ва ИДМ, ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои зикргардида, табодули афкор карданд. Ҷониби тоҷикистонӣ ба кӯшишҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими иқтидори СҲШ баҳои баланд дод. Ҷониби ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии раисии Ӯзбекистон  дар ин созмон арси сипос намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти машваратҳои мунтазами сиёсиро  чун омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид сохтанд. 

Машваратҳои сиёсии байнивазоратӣ дар ш. Душанбе

Нигористон

Тақвим