Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Эрон

28.12.2015 17:31

26 декабри соли 2015 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору мулоқот намуд.   

Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, рафти иҷрои созишномаҳо, таҳаввулоти минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди табодули афкори ҷонибҳо гардид.

Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон доир ба вазъияти робитаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуда, рушду инкишофи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байни кишварҳоро таъкид кард.

Нигористон

Тақвим