Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҷопон дар Душанбе

28.12.2015 17:38

28 декабри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷопон дар Душанбе Такаши Камада баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро дар партави натиҷаҳои сафари расмии Сарвазири Ҷопон Шиндзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2015 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ инчунин роҷеъ ба доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон, ба хусус дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва маориф табодули назар сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим