28 декабри соли 2015 дар толори Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти кормандони Вазорат бо Вакили мардумӣ, Раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳим Холиқзода дар иртибот ба қабули Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ва додани унвони баланди Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси Намояндагон А. Холиқзода доир ба корнамоиҳои шоён ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва давлатдории тоҷик суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки дар давраҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ на ба ҳар миллат чунин роҳбари оқилу ҷоннисор насиб мегардад. Ҳамчунин, вакили мардумӣ А. Холиқзода доир ба мӯҳтавои қонуни мазкур ба ҳозирин иттилои муфидро расонида, қайд намуд, ки ҳангоми таҳияи он кулли қавонини байналмилалӣ дар робита ба ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораи давлатӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, қонуни мазкур ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст.
Зимни мулоқот чанд нафар аз кормандони Вазорат баромад карда, оид ба арзанда будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба чунин унвони Олӣ-Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ба бахти мардуми кишвар Офаридгор дар рӯзҳои пурфоҷеаи ахири асри 20 рӯи кору пайкор омадани фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор- Эмомалӣ Раҳмонро муносиб донист.
Ҳамчунин, нотиқон иброз доштанд, ки тавассути хирад, шуҷоату қатъият ва ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки марзу буми кишвар аз вартаи нестиву ҳалокат эмин монда, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё гардид, мардуми овораву бечора ба ватан боз оварда шуд, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар ҷомеа барқарор гардид.