Чорабинии солинавӣ дар мактаб-интернати № 4-и пойтахт

29.12.2015 18:40

29 декабри соли 2015 дар мактаб-интернати № 4-и шаҳри Душанбе, ки таҳти парастории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, чорабинии солинавӣ баргузор гардид.

Дар маъракаи идона роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ талабагонро бо фарорасии Соли нав табрик карда, ба онҳо дар ҳаёт ва таҳсилашон комёбиву дастовардҳои назаррас орзу намуд.

Хонандагони мактаб барномаҳои солинавиашонро намоиш дода, дар шеърҳояшон барои ғамхории доимӣ ба роҳбарияти кишвар изҳори сипос карданд.

Дар фарҷом ба ҳамаи мактаббачаҳо аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Чорабинии солинавӣ дар мактаб-интернати № 4-и пойтахт

Чорабинии солинавӣ дар мактаб-интернати № 4-и пойтахт

Чорабинии солинавӣ дар мактаб-интернати № 4-и пойтахт

Нигористон

Тақвим