Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31-уми марти 1995 барқарор шуданд.
23-юми июни соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор маротиба (17-19-уми апрели 1995, 23-25-уми июни 2013, 15-17-уми майи 2016 ва 3-5-уми ноябри соли 2024) бо сафарҳои расмиву давлатӣ ва корӣ аз Давлати Кувайт боздид намудаанд.
17-уми октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар доштанд.
25-уми сентябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот намуданд.
3-юми ноябри 2024 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт сурат гирифт. Дар рафти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амир, Валиаҳд, муовини якуми Сарвазир ва вазири мудофиа, вазиронии корҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва мудири кулли Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни ин сафар 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
4-уми ноябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” дар шаҳри Ал-Кувайт иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар робита ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар лозим ба зикр аст, ки 19-22-юми декабри 2015 сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ ба Давлати Кувайт сурат гирифтааст.
Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт соли 2014 таъсис дода шудааст.
11-13-уми ноябри 2019 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Кувайт баргузор гардид. Дар арафаи сафари мазкур Форуми сармоягузории “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муаррифии зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар барпо шуд.
22-юми ноябри соли 2014 боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Давлати Кувайт сурат гирифт.
16-уми июли 2021 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” ва 15-уми апрели соли 2024 дар ҳошияи Нишасти дуюми муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар шаҳри Тошканд мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуданд.
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар се ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ (27-уми апрели 2015, ш. Ал-Кувайт, 4-5-уми апрели 2016, ш. Душанбе ва 2-юми апрели 2018, ш. Ал-Кувайт) барпо шудааст.
Дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ назаррас буда, то кунун чаҳор ҷаласаи он (23-24-уми майи 2013, ш. Душанбе,18-19-уми декабри 2017, ш. Ал-Кувайт, 19-22-юми сентябри 2022, ш. Душанбе ва 4-6-уми феврали 2025, ш. Ал-Кувайт) доир гардидаанд.
Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ 13-19-уми октябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11-14-уми ноябри 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт баргузор гардиданд.
04.03.2025