Вохӯрии cафири Тоҷикистон бо котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Молдова

14.04.2023 14:21

14,04,2023,14,26.jpg

12 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Даниэлла Мисайл-Никитин сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ба мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳо байни мақомоти марбутаи ду кишвар васеъ кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим