11 апрели соли 2023 дар шаҳри Кишинёв мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар Киев Давлаталӣ Назризода бо котиби генералии Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Ҷумҳурии Молдова Сержиу Герчиу баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, таҳким ва рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, пеш аз ҳама дар бахшҳои агросаноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ зарур донистанд. Сафир роҳандозии табодули таҷрибаро байни мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғдорӣ ва ангурпарварӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan