Кумаки молиявии Шоҳигарии Таиланд

02.02.2016 07:52

Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиие, ки соли гузашта дар ВМКБ ва дигар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон рух доданд, ҳукумати Шоҳигарии Таиланд тавассути Сафорати худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Остона кумаки фаврии молиявиро тақдим намуд. Маросими тақдими кумаки мазкур рӯзи 30 январи соли 2016 дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода сипоси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро изҳор намуд ва таъкид кард, ки кумаки тақдимшуда ҳамдилӣ ва равобити наздики мардумони ду кишвари дӯстро таҷассум мекунад ва ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Нигористон

Тақвим