4 феврали соли 2016 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқенуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтар баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт, ҳамгироӣ ва ҳампайвандии кишварҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Муколамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи шимолӣ ва марказии маҳсур дар хушкӣ, ки 17 майи соли равон дар Бангкок дар чаҳорчӯбаи Ҷаласаи 72-юми ЭСКАТО ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.