5 феврали соли 2016 мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба аз қaбили сафари дар пешистодаи ҳайати Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (DFID) ба Тоҷикистон, нақшаҳо барои густариши ҳамкориҳои тарафайн дар соли 2016 ва инчунин, масъалаҳои минтақавӣ мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифт.