Мулоқот бо Кордори Сафорати Туркия

05.02.2016 15:18

5 феврали соли 2016 вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Аҳмад Асим Арар баргузор шуд.

Дар рафти суҳбат перомуни масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамчунин ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва ифротигароӣ ва роҳҳои фаъол намудани абзорҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар ин самти муҳим баррасӣ шуданд.
   

Нигористон

Тақвим