5 феврали соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БРСММ, натиҷаҳои фаъолияти БРСММ дар соли 2015, аз ҷумла ҳамоҳангсозии чорабиниҳои соли 2016, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Илова бар ин, ҷонибҳо оид ба иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии дарпешистода бахшида ба 50-умин солгарди БРСММ, ки рӯзи 24 феврали соли равон дар ш. Ню-Йорк баргузор мегардад, табодули назар карданд.