Мулоқот бо ҳайати Муассисаи хайриявии Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум

09.02.2016 17:35

9 феврали соли 2016 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати Муассисаи хайриявии Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактуми Амороти Муттаҳидаи Арабро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат бо қаноатмандӣ  сатҳи баланди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва рушди ҳамкории судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф таъкид гардид.

Роҷеъ ба барномаҳо ва лоиҳаҳои иҷтимоие, ки Муассисаи хайриявии Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум дар ҳамкорӣ бо фондҳои хайриявии Тоҷикистон дар ояндаи наздик татбиқ мекунад, табодули назар сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим